Дар Узбекистон муҳлати ваколати Президентро тамдид мекунанд

Дар лоиҳаи қонун «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Узбекистон» як банд ба тамдиди муҳлати ваколати Президенти Узбекистон аз 5 то 7 сол бахшида шудааст.

Президенти ин кишвар Шавкат Мирзиёев қаблан пешниҳод намуда буд, ки то 8-уми декабри соли 2022, санаи 30-солагии Конститутсияи мамлакат барои ворид кардани тағйирот ба Қонуни асосӣ раъйпурсии умумихалқӣ баргузор карда шавад.

Дар охири моҳи май парлумон як комиссияи конститутсионӣ таъсис дод, ки лоиҳаи ислоҳотро таҳия кунад. Рӯзи чоршанбе лоиҳаи қонуни конститутсионӣ дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба палатаи қонунгузорӣ пешниҳод шуда, рӯзи ҷумъа дар баррасии аввал тасвиб шуд ва қарор шуд, ки барои муҳокимаи умум нашр шавад. Муҳокимаи умумӣ то 4-уми июли ҳамин сол идома хоҳад ёфт.

«Дар қисми дуюми моддаи 90 калимаи «панҷ» ба калимаи «ҳафт» иваз карда шавад», — омадааст дар матни лоиҳа.

Моддаи 90-уми Конститутсияи амалкунанда пешбинӣ мекунад, ки Президенти Ҷумҳурии Узбекистон аз ҷониби шаҳрвандони кишвар дар асоси ҳуқуқи умумӣ, баробар ва бевосита бо овоздиҳии пинҳонӣ ба муҳлати панҷ сол интихоб карда мешавад.

 Конститутсияи Узбекистон 8 декабри соли 1992 дар иҷлосияи Шӯрои олии кишвар қабул шудааст. То ин  муддатт ба он 15 маротиба тағйироту иловаҳо ворид карда шудааст. Бори охир муҳлати ваколатҳои Президент дар ин кишвар соли 2011 аз 7 то 5 сол кам карда шуда буд.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.