Дар Ванҷ як занро санг зада кушт

Дар минтақаи Ванҷ санги бузурге  болои мошин дар роҳи Душанбе-Хоруғ афтода,  як кушта барҷой гузошт.

Тибқи иттилои мақомот, ҳодиса 14-уми март тахминан соати 15:00 дар километри 440-уми шоҳроҳи Душанбе-Кӯлоб-Хоруғ, дар мавзеи деҳаи Водхуди ноҳияи Ванҷ рух додаст: “Аз кӯҳ санг афтида, ба тарафи рости автомашинаи тамғаи “Митсубиси-Паҷеро” таҳти идораи марди 32-сола, сокини ноҳияи Ванҷ бархӯрдааст”.

Манбаъ афзуд, дар пайи бархӯрд як зани мусофир, сокини 59-солаи ноҳияи Ванҷ ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *