«Забони модарӣ» фаъолияташро бас кард

Маҷаллаи “Забони порсӣ”, ки аз сӯйи Бунёди иҷтимоии “Забони модарӣ” дар Тоҷикистон нашр мешуд аз ин ба баъд нашр намешавад.

Дар ин бора яке аз муассисони гуруҳи “Забони порсӣ” дар шабакаи Фейсбук Дориюши Раҷабиён иттилоъ додааст. Аз ҷумла Дориюши Раҷабиён навиштааст: “Бо таассуфи фаровон эълом мешавад, ки бону Зарафшон Мардонова аз мақоми раёсати Бунёди иҷтимоъии «Забони модарӣ» канор меравад; ин бунёд ва маҷаллаи «Забони порсӣ» таътил мешаванд”.
Маҷаллаи “Забони порсӣ” ва Бунёди иҷтимоии “Забони модарӣ” дар Наврӯзи соли 2013 аз сӯйи шуморе аз ҳамвандони гуруҳи фейсбукии “Забони порсӣ” таъсис шуда буданд ва то кунун маҷаллаи “Забони порсӣ” 8 шумора ба табъ расидааст.
Яке аз ҳадафҳои таъсиси маҷаллаи “Забони порсӣ” ва Бунёди “Забони модарӣ” фароҳам кардани шароит дар Тоҷикистон барои бозгашт ба хатти форсӣ унвон мешуд. Дориюши Раҷабиён ҳамчунин навиштааст, ки “гурӯҳи «Забони порсӣ» бо ҷидду ҷаҳди ҳар чи бештар ҳадафи худро дунбол хоҳад кард. Ҳадафи мо ҳамонест, ки буд: густариши доманаи корбурди забони расмии Тоҷикистон, бозгашт ба хатти порсӣ ва ба номи ростини забони мо дар Тоҷикистону Узбакистон”.
Аммо дар иттилоияе фейсбукие, ки Дориюши Раҷабиён нашр кардааст ба далоили аслии таътили маҷалаи “Забони порсӣ” ва Бунёди иҷтимоии “Забони модарӣ” ишора нашудааст.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *