Даргирии Тайланд ва Камбоҷа боис ба марги 1 сарбоз шудааст
Артиши Тайланд ҳамлаҳои ҳавоиро дар марзи баҳсӣ бо Камбоҷа оғоз кардааст. Ин ду кишвари Ҷанубу Шарқи Осиё якдигарро барои даргири дар марз айбдор мекунанд, ки сабаби марги 1 сарбози тайландӣ ва захми шудани 4 нафар шудааст.
Сухангӯи артиши Тайланд Винтай Сувари, рӯзи душанбе 8-уми декабр дар баёнияе гуфтааст, ки Тайланд пас аз марги як сарбозаш дар вилояти Убон Ратчатани, ҳавопаймоҳояшро барои “саркӯб” кардани ҳамлаҳои Камбоҷа равон кардааст.

Камбоҷа ривояти Тайландро рад намудааст. Артиши Камбоҷа дар баёнияе дар Фейсбук эълон кардааст, ки “нерӯҳои Тайланд аввалин ҳамларо соати 5 саҳар ба вақти маҳаллӣ рӯзи душанбе оғоз кардаанд”.
Баҳси байни Тайланд ва Камбоҷа асосан ба марзи муштараки онҳо вобаста аст, ки ин ихтилофҳо боис ба задухӯрдҳо дар солҳои охир гаштааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ