Ифтитоҳи 23 синфхона дар Ёвон


Дар ноҳияи Ёвон ду бинои иловагӣ ифтитоҳ карда шуд. Дар ифтитоҳи иншооти мавриди назар Давлаталӣ Саид, раиси вилояти Хатлон иштирок намудааст.

Дар назди муассисаи таълимии рақами 55 ва рақами 56 ду бинои иловагии таълимӣ ба истифода дода шуд.
Баъди ифтитоҳи биноҳои иловагӣ дар назди ду муассисаи таълимӣ 1200 хонанда да ду баст бо ҷойи нишаст ва шароити хуби таълиму тарбия фаро гирифта мешаванд.


Албатта, бо сохта ба истифода додани бинои иловагӣ камбудии ҷойи нишаст дар муассисаҳои таълимӣ аз байн рафта, раванди таълиму тарбия бо сатҳи баландтар ба роҳ монда мешавад.
Иншооти мавриди назар бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон ва саҳми сокинону соҳибкорон бунёд шудааст.
Барои ҳарду бино, ки дорои 23 синфхонаи барҳаво мебошанд, 2 миллиону 700 ҳазор сомонӣ масраф шудааст.
Ҳамчунин дар сафари корӣ ба ноҳияи Ёвон Давлаталӣ Саид, раиси вилояти Хатлон дар ифтитоҳи роҳи мошингард иштирок карда, аз кишти картошка дидан кардааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *