Даргузашти ҳунарманди шинохта Умар Зиёев

Ҳунарманди халқии Тоҷикистон Умар Зиёев шоми 17 март дар синни 73 — солагӣ аз олам даргузашт.

Ӯ хатмкардаи Институти политехникии Тоҷикистон буда, соли 1974 ба ансамбли эстрадии «Гулшан» даъват гардидаст. Ӯ беш аз ду даҳсола дар пешбурди эстрадаи тоҷик саҳм гирифтааст.

Солҳои охир роҳбари дастаи ҳунарии «Сипар»-и Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон буд.

«Эй офтоб», «Тоҷикистони бахтиёр», «Паймонаи дил», «Зулфи парешон», «Дидам туро», «Боз омадӣ», «Чаро», «Бо ту», «Баҳорам», «Дилбари ман», «Эй соқӣ», «Туро ман дӯст медорам», «Марав», «Шаби маҳтоб», «Ҷустуҷӯят мекунам», «Мадеҳ озорам», «Биё бимон», «Пиёла», «Азизам», «Фариза» аз беҳтарин таронаҳои сурудааш мебошанд.

Маросими ҷанозаи марҳум имрӯз, 18 — уми март вақти пешин дар назди хонааш, воқеъ дар маҳаллаи 91 -уми пойтахт, наздики «Арбат» баргузор мешавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *