Пирӯзии Путин дар интихоботи президентӣ

Имрӯз,18 март Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин барқияи табрикӣ ирсол намуд. Дар он аз ҷумла  омадааст:

«Муҳтарам Владимир Владимирович, Шуморо дар робита ба пирӯзии баҳснопазиратон дар интихоботи президентӣ самимона табрик менамоям. Натиҷаҳои овоздиҳии доиргардида боз як далели возеҳи тасдиқи обрӯву эътибори баланди сиёсии Шумо ва аз ҷониби ҷомеаи Русия ба таври васеъ ҷонибдорӣ ёфтани сиёсати давлатиатон ҷиҳати таъмини рушди устувори иҷтимоиву иқтисодии кишвар ва таҳкими мавқеи байналмилалии он мебошад.

Мо ба густариши бемайлони шарикии стратегӣ ва ҳамкории ҳампаймонии Тоҷикистону Русия аҳаммияти пайваста медиҳем…».

Ёдовар мешавем, ки интихоботи президентӣ дар Русия аз 15 то 17 марти соли равон баргузор шуд.

Ғайр аз Владимир Путин, се номзад дар сабқати президентӣ ширкат карданд: Николай Харитонов аз Ҳизби комунисти Русия, Леонид Слутский  аз Ҳизби либерал- демократӣ ва Владислав Даванков.

Дар натиҷаи раъйи бештар Владимир Путин бо гирифтани 87,33 фоиз дар интихоботи президенти Русия пирӯз шуд.

Владимир Путин

Номзади мустақил

87,33%

Николай Харитонов

Ҳизби комунисти Русия

4,31%

Владимир Даванков

Одамони Нав

3,80%

Леонид Слутский

Ҳизби либерал-демократ

3,19%

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *