Даргузашти аввалин чемпиони олимпии тоҷикистонӣ

Юрий Лобанов, аввалин қаҳрамони Бозиҳои олимпӣ аз Тоҷикистон, Устоди шоистаи варзиши Иттиҳоди Шӯравӣ якуми май дар Маскави Русия дар синни 64-солагӣ аз олам даргузашт.

Юрий Лобанов 29 сентябри соли 1952 дар шаҳри Душанбе таваллуд шудааст (дар акс – аз рост). Ӯ ҳамроҳи бародараш Михаил Лобанов, қаҳрамони дукаратаи ҷаҳон, дар ҳайати дастаи мунтахаби СССР таҳти раҳбарии Мураббии шоистаи Иттиҳоди Шӯравӣ Иброҳим Ҳасанов машқу тамрин мекард.

Дастовардҳои варзишии Юрий Лобанов:

— 8 маротиба ба унвони қаҳрамони ҷаҳон сазовор шуда, дуборӣ медалҳои нуқра ва биринҷии мусобиқоти ҷаҳониро ба даст овардааст. Вай қаҳрамони бисёркаратаи Аврупо ва СССР мебошад;

— чемпиони  Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 1972 дар Мюнхени Олмон. Ӯ дар ҳайати дастаи мунтахаби СССР дар сабқати каноэи дукаса ба масофаи 1000 метр ҳамроҳи Владас Чесюнас аз Литва медали тилло ба даст овардааст;

— ҷоизадори биринҷии  Бозиҳои XX тобистонаи олимпии соли 1980 дар Маскав. Дар каноэи дукаса ба масофаи 1000 метр бо Василий Юрченко аз Украина бо медали биринҷӣ мукофотонида шудааст.

Бародарон Лобановҳо пас фурӯпошии СССР  бо хонаводаҳояшон дар шаҳри Маскави Русия кору зиндагӣ мекарданд.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *