Даргузашти доктор Ҳисорӣ Ҷӯраев

Ҳисорӣ Ҷӯраев – доктори илмҳои химия ва фарзанди овозхони шуҳратёри тоҷик Акашариф Ҷӯраев аз олам чашм пӯшид. Дар ин бора бо нашри як номаи таслият раёсати фарҳанги шаҳри Душанбе хабар додааст. Сабаби марги Ҳисорӣ Ҷӯраев гуфта нашудааст.
Ҳисорӣ Ҷӯраев дар Пажӯҳишгоҳи ғизо ва ҳамчунин ба ҳайси мушовир дар Пажӯҳишгоҳи дорусозии вазорати тандурустӣ кор мекард. Марҳум дар баробари фаъолиятҳои илмӣ овозхонӣ низ мекард ва асосан дар равиши сабки падараш суруд мехонд.
Моҳи марти соли равон Ибод Шарифӣ, набераи Акашариф Ҷӯраев ва падари теннисбози шинохтаи тоҷик Дилшод Шарифӣ низ даргузашта буд.
Акашариф Ҷӯраев яке аз машҳуртарин овозхонҳои тоҷики асри 20 ба шумор меравад. Филармония давлатии Тоҷикистон ба номи ӯ гузошта шудаас

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *