Даргузашти собиқ ҳимоятгари дастаи милли Тоҷикистон
Наим Носиров, футболбози пешини дастаи миллии Тоҷикистон рӯзи 4-уми декабр дар 43-солагӣ вафот кардааст.
Ӯ дар футбол ба ҳайси ҳимоятгар бозӣ мекард. Ва дар дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон аз соли 2006 то 2010 майдондорӣ кардааст. Ӯ, ҳамчунин, дар ҳайати дастаи миллии ҷавонони кишвар ва дастаҳои “Регар-ТадАЗ”, “Парвоз”, “Энергетик”, “Умед” ва “Данғара” бозӣ кардааст.
Носиров ҳамроҳ бо дастаи миллии кишвар дар соли 2006 Ҷоми даъвати КФО-ро ба даст оварда, бо “Регар-ТадАЗ” се маротиба дар солҳои 2005, 2008 ва 2009 соҳиби Ҷоми президенти КФО гардидааст. Ҳамроҳ бо ин даста ӯ қаҳрамони Лигаи олии кишвар ҳам шуда буд.
Дар бораи сабаби марги собиқ футболбоз чизе гуфта нашудааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ