Дастаи “Спитамен” ғолиби Ҷоми вилояти Суғд -2025
Дар варзишгоҳи “Спартак”-и шаҳри Хуҷанд, бозии ниҳоӣ барои дарёфти Ҷоми вилояти Суғд -2025 баргузор шуд.
Дар бозии финали дастаи “Спитамен” аз ноҳияи Спитамен ва “Каанд ММФ”- и шаҳри Конибодом бози карданд. Бози бо натиҷаи мусовӣ 1:1 ба поён расид ва дар задани зарбаҳои ҷаримавӣ 11-метра футболбозони ноҳияи Спитамен бо натиҷаи 3:2 ғолиби мусобиқа шуданд.
Дар маросими ҷоизасупорӣ муовини аввали Раиси Федератсияи футболи вилоят Илҳомҷон Аҳмадов иштирок намуда ба ғолибон ва иштирокчиён Ҷом, медал ва Ифтихорнома тақдим кард.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ