Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон тими АМА-ро боз шикаст дод

Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) таҳти роҳбарии сармураббӣ Аҳлиддин Турдиев дар бозии дуввуми дӯстона ҳам бар тими ҷавонони Амороти Муттаҳидаи Араб пирӯз шуд.

Бино ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, ин вохӯрӣ 4-уми июн дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор шуда, бо ҳисоби 1:0 ба фоидаи тими миллии Тоҷикистон анҷом ёфт. Аз ҳайати дастаи мо голро дар дақиқаи 37-ум нимҳимоятгари дастаи «Динамо»-и Душанбе Бежан Нишонбойзода ба самар расонд.

Бояд гуфт, ки дар бозии якуми дӯстона мунтахаби ҷавонони мо бар ҳамсолони худ аз Амороти Муттаҳидаи Араб бо ҳисоби 3:1 ғолиб омада буданд.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.