Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар «Ҷоми Мердека» ширкат мекунад

Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон дар доираи омодагиҳо ба бозиҳои марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 моҳи октябр дар мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми Мердека», ки дар Малайзия баргузор мешавад, иштирок хоҳад кард.

Дар даври ниманиҳоии мусобиқоти «Ҷоми Мердека» дастаи мунтахаби Тоҷикистон 13-уми октябр бо дастаи мунтахаби Фаластин бозӣ мекунад. Дар вохӯрии дигари даври ниманиҳоӣ дастаҳои мунтахаби Малайзия ва Ҳиндустон бо ҳам вомехӯранд.

Ғолибони даври ниманиҳоӣ 17-уми октябр дар бозии ниҳоӣ ва дастаҳои мағлубшуда барои медалҳои биринҷӣ байни ҳам мубориза мебаранд. Ҳамаи бозиҳои ин мусобиқа дар Варзишгоҳи миллии Букит Ҷалили Куала-Лумпур баргузор мешаванд.

Мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми Мердека»

Даври ниманиҳоӣ

13-уми октябр

Фаластин — Тоҷикистон

Малайзия — Ҳиндустон

17-уми октябр

Бозӣ барои ҷойи сеюм

Финал

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *