Дастаи мунтахаби ҷавонони то 17-солаи Тоҷикистон ба шаҳри Дубай сафар кард
Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, тими миллӣ таҳти сармураббии Далер Каёсов дар Дубай як марҳилаи тамринию омодагиро ҷиҳати иштирок дар қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2026 мегузаронад.
Дар доираи ин чорабини имрӯз футболбозони тоҷик бо дастаи Арабистони Саудӣ бозии санҷишӣ анҷом медиҳанд. Бозии дуюм рӯзи 16 -уми январ муқобили мунтахаби Имороти Муттаҳидаи Арабӣ баргузор мешавад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ