Дастури Вазорати маорифи Тоҷикистон. Аз манъи туҳфаситонӣ то зиёфату ҷамъоварии маблағ

Дар муассисаҳои таълимӣ дарсҳо барои синфҳои 1 –ум  аз 25 май ва барои синфҳои 2-11 1 июни соли равон ба охир мерасад.

Бино ба иттилои Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон, дар ҳама намуди муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ, таҷлил намудани чорабинии “Занги камолот” манъ карда шудааст. Инчунин, бо мақсади амалӣ намудани талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва ҷиҳати пешгирии ҳар гуна ҳодисаҳои нохуш, вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ, ҷамъоварии маблағ, зиёфатороиву туҳфаситонӣ, ба сайру гашт ва ё тарабхона рафтани хонандагон тибқи қарори мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ мебошад.

Гуфта мешавад, ки бо ирсоли мактуб ба унвонии сардорони Сарраёсат, раёсат ва мудирони шуъбаҳои маорифи вилояту шаҳру ноҳияҳо ба масъулин дастур дода шуд, ки ҷиҳати фаҳмонидани моҳияти дастури мазкур бо омӯзгорон, падару модарон ва хонандагони синфҳои 9-11 корҳои фаҳмондадиҳӣ доир намуда, аз натиҷаи он ба Вазорати маориф ва илм гузориш пешниҳод намоянд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *