Датаи футболи Панҷшер-и Ҷалолиддини Балхӣ бар дастаи Барқчӣ -и ҳисор ғолиб шуд

Дар бозии охирини даври 11-уми Чемпионати Тоҷикистон миёни дастаҳои Лигаи олӣ дастаи футболи  «Панҷшер»-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дар меҳмонӣ бар  дастаи футболи  «Барқчӣ»-и Ҳисор бо ҳисоби 2:1 пирӯз шуд.

Тавре аз Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ додаанд, бозӣ дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор бо ҳузури  мухлисони сершумор  ҷолибу диданӣ  баргузор гардид. Дар ин  дидор ҳар се гол дар нимаи дуюм зада шуданд.

Ҳисобро бозингари мизбонон Ваҳдат Ҳанонов дар дақиқаи 57-ум аз пеналти боз кард. Баъдан Хайриддин Турахонов дар дақиқаи 70-ум ва Ҳасан Холов дар дақиқаи 73-юм ба дарвозаи «Барқчӣ» ду гол зада, бозиро ба нафъи  дастаи футболи  «Панҷшер»  анҷом доданд.

Зимнан, ин пирӯзии дуюми дастаи  «Панҷшер» ва бохти нуҳуми дастаи  «Барқчӣ» дар мусобиқаи имсолаи Чемпионати Тоҷикистон миёни дастаҳои Лигаи олӣ ба шумор меравад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *