Суиқасд ба ҷонитифлва 15 солҳукми як модар
СокининоҳияиҚубодиёни вилояти Хатлон боҷурми суиқасд ба ҷонитифлидасташба муддати 15 сол аз озодӣмаҳрумгардид.
Ин парвандаи нангини ҷиноятӣ аз тарафи Суди вилояти Хатлон дар маҷлиси ошкорои суди сайёр дар толори маҷлисгоҳи ҷамоати шаҳраки Шаҳритуси ноҳияи Шаҳритус нисбат ба Нилуфар Усмонова дида баромада шуд. Нилуфар 15-уми апрели соли 1999 дар ноҳияи Қубодиён таваллуд шуда, миллаташӯзбекаст. Таҳсилоташ миёна ва оиладору соҳиби як фарзанд буда, ҷои истиқоматаш деҳаи Айвоҷи ноҳияи Шаҳритус мебошад.
Тавре ки муайян гардид, Нилуфар Усмонова 30-юми марти соли 2017 бо шаҳрванд Сино Алиев оиладор шуда, дар суроғаи дар боло зикршуда ҳамчун зану шавҳар зиндагӣ карда, соҳиби як фарзанд бо номи Субҳона Алиева гардидаанд. Дар давраи зиндагонӣ ӯ тартиб ва муносибатҳои оилавиро риоя накарда, мунтазам бо шавҳараш ва дигар аъзои оила ҷанҷол мебардоштааст. Бар замми ин, аз рӯзи таваллуди Субҳона нақшаи суиқасд ба ӯро кардааст.
Чунончӣ Усмонова Нилуфар пайхас кардааст, ки волидонаш аз рӯи феълу рафтори бадаш намехоҳанд ба хонаашон равад. Инчунин муноосибаташ бо шавҳару аҳли оилаи шавҳараш хуб набуда, ӯро нағз намепазиранд, аз ин рӯ нақшаи куштори кӯдаки хурдсол ва худкушии худро тарҳрезӣ намуда, баҳри амалӣ намудани ин амалҳои нопокаш вақту баҳонаи муносибро интизор шудааст.
Ҳаминтариқ, 5-уми марти соли 2018 тахминан соати 7:00 ӯ бо хуштоманаш Шарофатхон Маманазарова беасос, бо баҳонаи он ки гӯё ӯро ба аёдати падару модараш ба ноҳияи Қубодиён рафтан намемонад, ҷанҷол намуда, дидаву дониста кӯдаки оҷизашро бо мақсади аз ҳаёт маҳрум сохтан, дар бадани худ зер карда, нафасгир ва сипас ӯро аз як метр баландӣ ба фарши хона партофтааст. Бо ин амалаш қонеъ нагашта, бо ҳамон мақсади куштор Субҳонаро дар ҳолати тани бараҳна гирифта, 57 метр дуртар аз манзили зисташ мебараад, Дар онҷо 22 см чуқурӣ кофта, кӯдакашро то гардан зери қуми сард мегузорад, ба доду фиғони кӯдак аҳамият надода, дар наздаш нишаста маргашро интизор шуда, дигаронро ба кӯдак наздик шуданро намондааст.
Новобаста аз ин бо дахолати куштор хуштоманаш Шарофатхон Маманазарова ва дигарон хурдсол Субҳона Алиеваро аз зери қуми сард ва чанголи модари бадандеш озод карда шуда, дар беморхона бистарӣ карда шудааст.
Дар натиҷа Нилуфар Усмонова бо ин амали нангин ва бемеҳрӣ ҷинояташро то ба охир расонида натавонист, аммофарзандашро ба бемории гипатермия дараҷаи як дучор намуд.
Нилуфар Усмонова дар содир кардани ҷиноят ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 15 сол бо нигоҳ доштан дар колонияҳои ислоҳии дорои низоми умумӣ таъин карда шуд.
Ҷомӣ Халифаев,
ш. Бохтар
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ