ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино тамоми барномаҳои таълимиро аз аккредитатсия гузаронд

Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино аввалин шуда ҳамаи барномаҳои таълимиро аз аккредитатсияи байналмилалӣ гузаронида, соҳиби сертификати мутобиқат ба Стандарти Федератсияи умумиҷаҳонии таҳсилоти тиббӣ гардидаст.

Дар ин бора зимни  вохӯрии вазири маориф ва илми Тоҷикистон Раҳим Саидзода бо директори генералии Агентии мустақили аккредитатсия ва рейтинг (IAAR) Алина Жумагулова дар шаҳри Душанбе таъкид шудааст.

“Доштани сертификати мазкур далели таъмини таҳсилоти босифат буда, барои донишгоҳ имкониятҳои нав ва эътирофи байналмилалӣ доштани онро тасдиқ менамояд”,-иттилоъ медиҳад маркази матбуоти вазорати маориф ва илм.

Ёдовар мешавем, ки  Агентии мустақили аккредитатсия ва рейтинг яке аз ташкилотҳои байналмилалӣ дар самти таъмини сифати таҳсилот бо гузаронидани баҳодиҳии мустақили берунаи муассисаҳои таълимӣ мебошад.

Агентӣ шомили шабакаҳои гуногуни амрикоиву аврупоӣ ва осиёгиву байналмилалӣ буда, дар асоси стандарти таъмини сифати аврупоӣ (ESG) ва Федератсияи умумиҷаҳонии таҳсилоти тиббӣ баҳогузорӣ намуда, ҳуқуқи додани сертификати мутобиқатро дорад. Ҳоло он дар бисёре аз кишварҳои Осиёву Аврупо фаъолият дошта, муассисаҳои таълимиро аз аккредитастияи байналмилалӣ мегузаронад. Айни замон, якчанд донишгоҳҳои Тоҷикистон аз аккредитатсияи байналмилалӣ гузашта, соҳиби сертификати мутобиқат ба стандартҳои байналмилалии таҳсилот гардиданд.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.