Деҳқонон аз беобӣ шикоят мекунанду  Агентӣ нархи онро мебардорад

Тавре қаблан соманаи “Тоҷикистон таймс” хабар дода буд, дар ноҳияи Панҷакент  дар натиҷаи 10 рӯз набудани об дар канали Туқсанкорез зироати киштаи деҳқонон аксаран хушк шуд. Ҳоло бошад, деҳқоқнони хоҷагии деҳқонии “Навобод”, за ҳамин ноҳия, ки чанд ҳазор га замин дораду дар он ҷо деҳқонон дар саҳмияҳои худ ба боғдорӣ ва зироаткорӣ машғуланд, аз нарасидани об шикоят доранд. Ҳамчунин, деҳқонони ин хоҷагӣ аз он шикоят мекунанд, ки дар ҳамин ҳолат ҳам аз онҳо ҳоло маблағи бештар талаб карда истодаанд ва нархномаи обёрии киштзор қиммат шудааст.

Мо бо ин савол ,ки то кадом андоза ин гуфтаҳо асос доранд, ба Сардори раёсати Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ Шафоат Назифов муроҷиат намудем. Ин кас тасдиқ намуданд.ки воқеан ҳам аз 15 маи соли равон, дар асоси Қарори №50 аз 23 апрели соли равон  деҳқонон бояд барои обёрии як ҳисса замин ба ҷои  1,5 дирам бояд 4 дирам супоранд.  Сардори раёсат дар мариди нарасидани об изҳори бехабарӣ намуда, гуфт,ки дар ин ҳолат бояд деҳқонон бо ҳамон Ассотсиатсияе, ки шартномаи обарсонӣ бастаанд, муроҷиат намоянд .Аммо маълум нест, ки дар ҳолати аз сабаби сари вақт нарсонидани об ба истифодабарандагон хоҷагии обрасон зарири дидаи  деҳқонро ҷуброн мекунад ё не.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

7 шарҳ вуҷуд дорад

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *