Душанбе: Баргузории Фестивали байналмилалии ҳунарҳои мардумӣ ва таъомҳои миллӣ 

Бахшида ба Соли рушди саёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бо ташаббуси Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон 12 майи соли 2018 дар «Боғи Ирам»-и пойтахт Фестивали байналмилалии ҳунарҳои мардумӣ ва таъомҳои миллӣ баргузор мегардад.

Тавре аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар чорабинии мазкур намояндагони корпуси дипломатӣ ва созмонҳои байналмилалии муқими шаҳри Душанбе, инчунин ҳунармандон аз шаҳри Душанбе, ноҳияҳои тобеи марказ, вилоятҳои Суғду Хатлон ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон намунаи ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллии хешро ба намоиш мегузоранд.

Ҳадаф аз баргузории ин чорабинӣ шиносоӣ ва муаррифии фарҳангу тамаддун ва  анъанаву таомҳои миллии тоҷикон ва мардумони кишварҳои хориҷӣ, инчунин мустаҳкам намудани ҳамкории фарҳангӣ ва муносибатҳои дӯстона байни кишварҳо мебошад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *