Делиси Родригес ҷойгузини Мадуро интихоб шуд

Додгоҳи олии Венесуэла Делси Родригес, муовини Николас Мадуро, раисҷумҳури рабудашудаи ин кишварро раҳбари муваққатии Венесуэла таъин кардааст.

Ба навитаи расонаҳои дохилии Венесуэла ин тасмим рӯзи 3-юми январ гирифта шуд. Ниҳоди мазкур  гуфтааст, ки таъйини Родригес ба ин мақом “барои таъмини пайвастагии идорӣ ва дифои ҳамаҷонибаи миллат” муҳим аст.

 Хонум Родригес қаблан ҳамлаи Амрико ба Венесуэларо “таҷовузи мусаллаҳона” хонда, маҳкум карда буд. Ӯ гуфта буд, ки ҳукумати феълии кишвараш омодаи дифоъ аз мардум аст.

Ёдовар мешавем, ки Николас Мадуро ҳамроҳи ҳамсараш рӯзи 3-юми январ баъди ҳамлаи Амрико ба Венесуэла аз сӯи нерӯҳои амрикоӣ рабуда шуд.

Ба навиштаи рӯзномаи  “The New York Times” бо такя ба як мансабдори венесуэлӣ навиштааст, ки дар пайи ҳамлаи Амрико ба Венесуэла, дасти кам 40 нафар кушта шудаанд. Маълум нест, ки миёни онҳо нерӯҳои амикоӣ ҳам ҳастанд, ё не. Вашингтон дирӯз иддао карда буд, ки дар ин ҳамла талафоти ҷонӣ надидааст ва танҳо як чархболи Амрико сарнагун шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *