ДИИШ: беморхонаро мо тарконидем!

   Гурӯҳи террористии ба ном «Давлати Исломии Ироқу Шом» масъулияти таркиш дар бемористони Покистонро ба ӯҳда гирифтааст. Дар ин бора нашрияи «India Today» иттилоъ медиҳад.  Бахши минтақавии ДИИШ, ки дар ҳудуди Афғонистон, Покистон, Ҳиндустон ва Бангладеш амал мекунад, оид ба  масъулияти худ нисбат ба таркиш изҳор намуд. Ахиран маълум гадид, ки раҳбари ин манотиқи ДИИШ  Ҳофиз Саид Хон, яке аз фармондеҳони собиқи ҷунбиши толибон дар Покистон мебошад.

Бино ба иттилои «India Today»  дар ин таркиш 93 нафар ба ҳалокат расида, 120 каси дигар ҷароҳат бардоштанд.
Тиб
қи иттилои ТАСС бошад,  таркиш дар яке аз беморхонаҳои шаҳри Кветта (вилояти ҷанубу ғарбии Балуҷистон) ба вуқӯъ пайваст. Қариб ҳамаи қурбониёни амали террористӣ ҳуқуқшиносон ва рӯзноманигороне мебошанд, ки дар шӯъбаи эҳёгарии беморхона барои поси хотири президенти ассотсиатсияи адвокатҳои Балуҷистон Билол Анвар Казӣ, ки субҳи рӯзи душанбе кушта шуд, ҷамъ омада буданд.

 

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.