Сон Ҷун Киро «VIVO» зери по кард, аммо.

   Як гурӯҳ мухлисони чинии ҳунарпешаи кинои Куриёи Шимолӣ- Сон Ҷун Ки қасди аз болои ширкати мобилии “Vivo” ба суд муроҷиат карданро доранд.
Сабаби чунин тасмими мухлисони чинии Сон Ҷун Ки- ин дар дохили автобус, дар фарши он насб намудани рекломҳои ин ширкат бо акси зебои Сон Ҷун Ки гардидааст.
Фанатҳои ин ҳунарпешаи куриёӣ пас аз рӯйи экран баромадани «Насли офтоб» на танҳо дар худи Куриёи Шимолӣ ва Ҷанубӣ, балки дар Ҷопону Чин ба маротиб афзуда, ҳар як нақши ӯро бесаброна интизорӣ мекашанд. Аммо ин бор мухлисони ашадии чинии Сон Ҷун ба ҳадде ба хашм омадаанд, ки ин мушкилотро расонаӣ намуда, аз ширкати “Vivo” талаб намудаанд, ки расман барои ноҳурматияшон аз ӯ бахшиш пурсанд.
Мувофиқи маълумоти расонаҳои чинию куриёӣ, ахиран ба унвонии ширкати мобилии “Vivo” ҳатто мактубҳои таҳдидӣ омада, муаллифони он мактубҳо талаб намудаанд, ки дар сурати расман бахшиш напурсидану нагирифтани рекламаҳояшон аз фарши автобусҳо бинои асосии ин ширкатро метарконанд. Ҳамчунин мувофиқи ба ҳисобгирии оморӣ новобаста аз он ки ин «рекламаҳои заминӣ»- и ширкати “Vivo” ҳамагӣ се рӯз дар фарши автобусҳо часпонида шуда буданд ҳам, пас аз баромадани «рекламаҳо дар зери по» бо акси Сон Ҷун Ки аз сӯйи ширкати мобилии “Vivo” шумораи муштариён ва харидорони ин ширкат се маротиба коҳиш ёфтааст.
Ин коҳишёбии муштариён ба паст шудани нархи пакетҳои “Vivo” дар бозори мобили Чин ин ширкатро муваззаф бар он кард, ки дар муддати кӯтоҳтарин аз ғазаби мухлисони Сон Ҷун Ки тарсида, фавран ба таври расмӣ бахшиш пурсанд:
« Мо воқеан ҳам иқрор мешавем, ки бо гузоштани акси Сон Ҷун Ки дар фарши автобусҳо иштибоҳи бузурге кардем ва барои ин корамон расман аз худи ҷаноби Сон Ҷун Ки ва кули мухлисони дохилию хориҷияш узр мепурсем. Мо алакай кормандонамонро барои бар доштани «рекламаҳои заминӣ»- ямон бо акси Сон Ҷун Ки равона сохтем ва худи ҳамин шаб то саҳар ҳамаи банерҳоро аз фарши автобусҳо мебардорем. Мо қавл медиҳем, ки дигар ҳеҷ гоҳ ин кори «беақлона»- амонро такрор нахоҳем кард».

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

19 шарҳ вуҷуд дорад

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *