Ёқуб Салимов аз  Тоҷикистон рафт

Ёқуб Салимов, собиқ вазирикорҳои  дохилии Тоҷикистон, ки баъди 13 соли маҳбас  рӯзи  21-уми июни соли равон озод шуда буд, ба Олмон рафтааст.

Мақсади сафари Ёқуб Салим ба Олмон табобат будааст ва ӯ ба зудӣ бармегардад.
Салимов дар як мусоҳибаи ихтисосӣ ба ҳафтаномаи «Тоҷикистон»  гуфта буд, ки чашмонаш дард мекунанд ва мехоҳад аввал онҳоро табобат кунад.
Суди олии Тоҷикистон Ёқуб Салимов, собиқ сардори Хадамоти гумрук ва яке аз қумандонҳои Фронти халқиро 25 апрели соли 2004 ба гуноҳи хиёнат ба ватан, нигаҳдорӣ ва тиҷорати силоҳ ва сӯистифода аз мансаб ба 15 соли зиндон маҳкум кард. Нисбати ӯ ду бор қонуни афв татбиқ шуда, муҳлати ҷазояш кам гардид. Ӯ баъди 13 соли зиндон 21-уми июни соли ҷорӣ озод шудааст.

 

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.