Дилшод Назаров шаҳрванди фахрии Панҷакент?

Арҷгузорӣ ва пазироии Қахрамони Бозиҳои XXXI тобистонаи олимпии Рио-де-Жанейро Дилшод Назаров аз ҷониби сохтору мақомоти Ҳукумати ҷумҳурӣ идома дорад.
Дар ин росто, аз Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ иттилоъ гирифтем, ки пагоҳ – 15 октябри соли равон бо иқдоми Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент маросими тантанавии пазироии гурзандози маъруф, чемпиони олимпӣ Дилшод Назаров барпо мегардад. Дар маросим фаъолони сохторҳои гуногуни хоҷагии халқ, омӯзгорону шогирдони муассисаҳои таълимии шаҳр ширкат меварзанд. Дар назар аст, ки Дилшод шаҳрванди фахрии шаҳри Панҷакент эътироф шуда, бо туҳфаҳои хотиравии мақомоти маҳаллӣ тақдир карда мешавад.
Э. Назаров

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *