Дипломи “Ректори сол” ба Қобилҷон Хушвахтзода тақдим гардид

Имрӯз, 31-уми январ, дипломи ғолиби номинатсияи “Ректори сол”-и “Рейтинг-2021” ба Қобилҷон Хушвахтзода, ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон супорида шуд.

Диплом ва дигар туҳфаҳои хотиравиро намоянда аз нашрияи “Тоҷикистон” ва сомонаи Pressa.tj Усмон Раҳимзода ба ректори ДМТ дар вазъияти тантанавӣ, ки дар он масъулин ва устодони донишгоҳ ва ҳамзамон, журналистон ширкат доштанд, тақдим намуд.

Усмон Раҳимзода зимни суханронӣ таъкид дошт, ки “ҳамасола ҳафтаномаи “Тоҷикистон” рейтинги шахсиятҳоро аз рӯйи 10 номинатсия, аз ҷумла “Вазири сол”, “Раиси сол”, “Соҳибкори сол”, “Хайрхоҳи сол”, “Ректори сол” баргузор менамояд. Имсол бошад, ин назапурсӣ таҳти унвони “Рейтинг-2021” дар сомонаи Pressa.tj давоми ду ҳафта идома ёфт ва хонандагон тариқи онлайн ба номзадҳо овоз доданд. Ҳамин тариқ, дар номинатсияи “Ректори сол” Қобилҷон Хушвахтзода бо гирифтани раъйи бештар сазовори унвони “Ректори сол” гардид”.

Ёдовар мешавем, ки номинатсияи “Ректори сол” низ яке аз бахшҳои пурҳангомаву баҳсноки “Рейтинг-2021” ба шумор мерафт. Хусусан, рақобати шадиди ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Қобилҷон Хушвахтзода ва ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино Маҳмадшоҳ Гулзода боиси ба шабакаҳои иҷтимоӣ рехтани шарҳҳои беҳисобу баҳсноки корбарони интернет гардид. Бисёриҳо маҳбубияти Қобилҷон Хушвахтзодаро дар боло бурдани маоши устодону кормандони донишгоҳ, дастгирии донишҷӯён, озод кардан аз пардохти ҳақи хобгоҳ, сабукиҳо дар давраи пандемияи коронавирус диданд.

Дар бораи Маҳмадшоҳ Гулзода бошад, гуфтанд, ки мавсуф дар баробари ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино будан, ҳамзамон, чун олим ва ҷарроҳи моҳир шинохта шудааст.

Дар навбати худ, ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ Нуъмонҷон Ғаффорӣ чунин баҳо гирифт, ки тӯли фаъолияти хеш дар баробари тарбияи кадрҳои илмии таърихнигор, дар макотиби олии кишвар ба мустаҳкам кардани мавқеи он ба сифати маркази илмии пешқадами кишвар, баланд бардоштани сатҳи илмии омӯзиш ва омода кардани мутахассисони соҳа, гузаронидани корҳои ташкилӣ оид ба омода кардани кадрҳои квалификатсияи олӣ тавассути аспирантураю докторантура саҳми арзанда дорад.

Дар “Рейтинг-2021” ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Қобилҷон Хушвахтзода соҳиби 25371 овоз, ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино Маҳмадшоҳ Гулзода — 9783 овоз ва ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ Нуъмонҷон Ғаффорӣ соҳиби 859 овоз гардида, Қобилҷон Хушвахтзода ғолиб дониста шуд.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.