ДМТ – дар мақоми аввал бо 8 медали тилло ва 4 нуқра

Дар Донишкадаи байналмилалии Леваканти Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо ибтикори Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон олимпиадаи ҷумҳуриявии донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ баргузор гардид.

Дастаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар ин олимпиада фаъолона иштирок намуда, мақоми аввалро ба даст овард. Донишҷӯёни донишгоҳ дар самтҳои гуногуни илмӣ сазовори 8 ҷойи аввал (медали тилло) ва 4 ҷойи дуюм (медали нуқра) гардиданд.

🥇 Ғолибони ҷойи аввал (медали тилло):

-Рустамзода Умеда, факултети забонҳои Осиё ва Аврупо, фанни забони англисӣ;

-Ниёзова Маҳинабону, факултети филологияи рус, фанни забони русӣ;

-Пиров Шодиҷон, факултети молиявию иқтисодӣ, фанни назарияи иқтисодӣ;

-Ғуломзода Ҳусейн, факултети физика, фанни физика;

-Саидзода Муҳаммадҷон, факултети ҳуқуқшиносӣ, фанни ҳуқуқшиносӣ;

-Боронов Анушервон,  факултети химия, фанни химия;

Зикрулло Давлатов, фанни технологияи иттилоотӣ;

-Бежан Тоҳов, фанни географияи иқтисодӣ.

🥈 Ғолибони ҷойи дуюм (медали нуқра):

-Сафарзода Сунатулло, факултети фалсафа, фанни сиёсатшиносӣ;

-Боронов Анушервон, факултети химия;

-Ғуломзода Ҳасан, факултети механикаю математика, фанни информатика;

-Эҳсонҷон Ҳаитов, фанни математика.

Илова бар ин, донишҷӯёни донишгоҳ дар озмуни ҷумҳуриявӣ барои дарёфти «Ҷоми раёсати Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон» ширкат варзида, 4 ҷойи ифтихориро соҳиб гардиданд.

Ин дастоварди назаррас бозгӯи сатҳи баланди таълим, омодагии илмии донишҷӯён ва заҳмати устодон дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мебошад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *