Додгоҳи Николас Мадуро ва ҳамсараш баргузор шуд

Ҷаласаи ибтидоӣ ва эъломи расмии айбномаҳо ба Николас Мадуро ва зани ӯ бегоҳи шаби душанбе  5-уми январ сурат гирифт. Дар ин бора хабаргузории “Ройтерз” такя ба чанд манобеи худ хабар додааст.

Ба иттилои манбаъ Мадуро бо либоси маҳбасӣ ва дар ҳоле ки пойҳояш бо пойбанд баста буданд, вориди толори Додгоҳи ноҳияи ҷанубии Ню-Йорк ҳозир шуд. Ҳамсари ӯ, Силия Флорес низ либоси маҳбасӣ пӯшида буд.

Якчанд соат пеш аз ин рӯйдод, Николас Мадуро ва ҳамсараш аз боздоштгоҳе дар Бруклин ба додгоҳи Манҳеттени Ню-Йорк оварда  шуда буданд, то иттиҳомоти алоқаманд ба маводи мухаддир ва силоҳ ба таври расмӣ ба онҳо эълом гардад.

Николас Мадуро ҳамаи иттиҳомоти нисбат додашударо инкор кард ва аз ин рӯ судия ҷаласаи оянда ва навбатии додгоҳро барои рӯзи 17-уми март муқаррар намуд.

Дар айбнома чаҳор моддаи иттиҳомӣ овардашудааст, аз он ҷумла «терроризм тавассути контрабандаи маводи мухаддир» ва «нигоҳдорӣ ва соҳиб буданӣ силоҳ ва воситаҳои таркандаи вайронкунанда». Ҳамсари Мадуро хонуми Силия Флорес низ ҳамаи итиҳомотро рад кардааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *