Донишҷӯи тоҷик дар Дубай мақоми сеюмро гирифт

Одинахон Асадова, донишҷӯи Коллеҷи омӯзгории  шаҳри Турсунзода дар олимпиадаи байналмилалии забони англисӣ, ки дар шаҳри Дубай баргузор гардид, мақоми сеюумро ишғол кард.

Дар ин бора аз Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати  Тоҷикистон хабар доданд.

Ба иттилои манбаъ, акнун Асадова кишварро дар марҳилаи дуюми олимпиада намояндагӣ хоҳад кард, ки моҳи июл дар пойтахти Аморати Муттаҳидаи Араб, шаҳри Абу-Дабӣ баргузор мешавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *