Донишҷӯи сол аз Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон шуд

Мадина Дилоева, донишҷȳи Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар озмуни «Донишҷȳи беҳтарини сол-2016» ғолиби ҷойи аввал гардида, бо  диплому стипендияи Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Тоҷикистон қадрдонӣ  шуд.

Тавре ки аз Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон хабар доданд, озмуни «Донишҷȳи беҳтарини сол-2016» бо мақсади ҷалби нерȳи насли ҷавон ба корҳои созандагиву бунёдкорӣ, тақвияти таъмини ширкати фаъоли онҳо дар ҳаёти сиёсиву ҷамъиятии давлатдории навин ва ҳимояи марзу буми Ватан, эмин нигоҳ доштани давлату миллат аз тазодҳову таҳдидҳои замони муосир, дастгириву ҳавасмандсозӣ ва ғамхорӣ нисбати насли ояндасози миллат дар байни донишҷȳёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии мамлакат доир карда шудааст.

Инчунин, дар  озмуни «Таронаи донишҷȳи сол — 2016» Зайнаби Файзулло, донишҷȳи курси 2, ихтисоси иқтисоди ҷаҳон ҷойи дуюм ва  дар  «Беҳтарин мудири шуъбаҳои кор бо ҷавонон ва раиси созмони ҷавонон-2016»   Абдуалим Ҳомидов,  мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ғолиби ҷойи аввал гардиданд.

Озмунҳои  «Донишҷӯи беҳтарини сол-2016», «Таронаи донишҷȳи сол — 2016» ва «Беҳтарин мудири шуъбаҳои кор бо ҷавонон ва раиси созмони ҷавонон дар соли-2016» бо ташаббуси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифта, дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон ҷамъбаст карда шуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *