Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур

Таъсисёбӣ ва дастовардҳои донишгоҳ

31-уми марти соли 1931 нахустин мактаби олӣ дар Тоҷикистон — Донишкадаи меваю сабзавоти Осиёи Миёна дар шаҳри бостонии Хуҷанд (бо дарназардошти ноҳияи асосии боғпарварӣ ва ягона пойгоҳ дар инкишофи ояндаи истеҳсоли консерва буданаш) таъсис дода шуд. Аз 1-уми апрели соли 1931 маъмурияти донишкада ба кор шуруъ менамояд. Соли нахусти таҳсил моҳи сентябри соли 1931 оғоз меёбад. Донишкада 13 кафедра, 205 донишҷў ва 336 шунавандаи факултети коргарӣ дошт.

Бо қарори Шўрои Комиссариати халқии РСС Тоҷикистон №84 аз 16-уми январи соли 1933 ин муассисаи таълимӣ ба Донишкадаи хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон табдил дода шуда, бо қарори Шўрои комиссариати халқии ҶШСТ ва КМ ҲК (б) Тоҷикистон аз 7-уми августи соли 1944 донишкада ба пойтахти ҷумҳурӣ — шаҳри Сталинобод (ҳозира ш. Душанбе) кўчонида шуд.

10-уми августи соли 1992 Институти хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон Муассисаи давлатии Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон номгузорӣ карда шуд. 20-уми октябри соли 2009 номи Қаҳрамони Тоҷикистон Шириншоҳ Шоҳтемур ба донишгоҳ гузошта шуд ва аз 31-уми октябри соли 2009 Муассисаи давлатии «Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур» гардид.

Нишони Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон

Соли 2003 донишгоҳ бо медали тиллои «Эраи сифат» сарфароз гардидааст. Узви шабакаи донишгоҳҳои Авруосиё ва Атлантика (аз соли 2011) ва донишгоҳҳои алянси мактабҳои олии Хитой ва Осиёи Марказӣ (аз сентябри соли 2016) мебошад. Аз соли 2019 донишгоҳ узви комилҳуқуқи Алянси муассисаҳои олии касбии кишоварзии Шоҳроҳи абрешим мебошад. 22-юми марти соли 2017 донишгоҳ бо Мукофоти байналмилалии «BEST UNIVERSITY» (“Донишгоҳи беҳтарин”) сарфароз гардонида шуд.

26-уми апрели соли 2017 донишгоҳ бо Нишони фахрии Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон мушарраф гардид.

Шумораи факултетҳо ва ихтисосҳо

Донишгоҳ дорои 10 факултет буда, аз рўйи 51 ихтисос дар шуъбаи рўзона, 24 ихтисос дар таҳсилоти фосилавӣ ва тибқи 16 ихтисос барои гирифтани маълумоти дуюми олии касбӣ, 33 ихтисос дар магистратура, ки дутояш байналмилалӣ аст, фаъолият дорад. Ба ихтисосҳои энтомология ва харгўшпарварӣ аз соли нави таҳсили 2022 — 2023 довталабон қабул карда мешаванд.

Теъдоди кафедраҳо ва омўзгорон

Дар донишгоҳ 50 кафедра (40 кафедраи тахассусӣ ва 11 кафедраи умумидонишгоҳӣ) мавҷуд аст. Барои таълиму тарбия ва тайёр намудани мутахассисон 460 нафар устод машғуланд, ки дар байни онҳо 7 академики Академияи илмҳои кишоварзии ҶТ, 9 узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, 47 доктори илм, 54 профессор, 151 нафар номзади илм ва 250 омўзгорони беунвон сафарбар гардидаанд.

Пойгоҳи моддию техникии донишгоҳ

Машғулиятҳои назариявӣ ва амалиро донишҷўён дар 13 бинои таълимӣ, 220 синфхона бо миқдори 6200 ҷойи нишаст, 69 озмоишгоҳи таълимию илмӣ, 18 озмоишгоҳи илмӣ-таълимӣ, 15 маркази компютерӣ, 3 маркази интернетӣ ва дар 2 хоҷагии таълимӣ-таҷрибавии шаҳри Ҳисор ва ноҳияи Ёвон мегузаронанд.

Барои пешбурди раванди таълим теъдоди зиёди воситаҳои техникӣ — иттилоотӣ мавҷуданд. Айни замон 886 компютер, 176  принтер, 69 телевизори калонҳаҷм, 48 проектор, 27 тахтаи электронӣ ва дигар воситаҳои техникии ёрирасон дар раванди таълим истифода карда мешаванд.

Дар донишгоҳ почтаи электронии расмӣ: E-mail: [email protected] ва сомонаи www.tajagroun.tj фаъолият менамояд.

Филиалҳои донишгоҳ

Барои амалӣ намудани донишҳои назариявии гирифтаи донишҷӯён ва босифат гузаронидани машғулиятҳои амалӣ, ҳоло дар корхонаю ташкилот ва муассисаҳои илмӣ дар асоси шартномаи дутарафа 54 филиали кафедраҳо таъсис дода шудааст.

Хатм ва фаъолияти илмӣ

Соли таҳсили гузашта донишгоҳро 1978 нафар хатм намуданд, ки аз онҳо 211 нафар фосилавӣ-ғоибона буда, 1754 нафар (623 нафар буҷавӣ ва 1070 нафар шартномавӣ) донишҷўи бакалавр, мутахассис, магистр ва доктор аз рўйи ихтисоси PhD мебошанд. Аз теъдоди умумии хатмкунандагони зинаи бакалаврият ва мутахассиси соли 2021-ум 6 нафар гирандагони стипендияи президентӣ, зиёда аз 62 нафар барандагони дипломи аъло мебошанд. Дар умум 69 нафар хатмкунандагон соҳиби дипломи аъло шудаанд, ки аз инҳо 4 нафар шаҳрвандони хориҷӣ мебошанд.

Мувофиқи нақшаи дурнамои корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ барои солҳои 2020-2024-ум 2 лоиҳаи фармоишӣ, барои солҳои 2021-2025-ум 9 лоиҳаи фармоишӣ ва 17 мавзуи сарборӣ аз тарафи олимони донишгоҳ таҳқиқотҳои илмӣ гузаронида шудаанд. Дар соли 2021 дар самти корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ 4 мавзуи лоиҳаҳои фармоишӣ барои солҳои 2022-2026, ки аз буҷаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузорӣ карда мешаванд, аз тарафи олимони донишгоҳ таҳия ва ба Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон супорида шудаанд, ки марҳилаҳои санҷиширо пурра гузашта, дар соли 2022 ба амалишавӣ оғоз менамоянд. Дар соли 2021 дар донишгоҳ 40 чорабинии илмӣ, аз он ҷумла 4 конференсияи байналмилалӣ, 6 конференсияи илмӣ — амалии ҷумҳуриявӣ, 5 конференсияи илмӣ — назариявӣ, 3 мизи мудаввар, 8 семинари илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ ва 14 семинари донишгоҳӣ гузаронида шудааст.

Дар назди донишгоҳ 5 Шӯрои диссертатсионӣ фаъолият менамояд, ки аз ин 4 Шўрои диссертатсионии КОА-и назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 1 Шӯрои диссертатсионии тобеи КОА-и Федератсияи Россия аз рўйи 2 ихтисос мебошад.

Робитаҳои байналмилалии донишгоҳ

Донишгоҳ бо 136 муассисаҳои таълимиву илмии 24 давлати дунё, инчунин 19 барномаи ташкилотҳои хориҷӣ дар самти таълим, илм ва такмили касбии омўзгорону таҷрибаомўзии донишҷўён фаъолият дорад ва бо намояндагони созмонҳои байналмилалӣ беш аз 100 вохӯрӣ тариқи бархат гузаронида шудааст, ки ба ин ташкилотҳо ҷиҳати маблағгузорӣ 13 лоиҳаи инноватсионӣ ва дар доираи ду лоиҳа, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  барои пешрафти соҳаи кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо  дастгирии Бонки умумиҷаҳонӣ, Ташкилоти минтақавии Каритаси Швейтсария, Агентии Швейтсария оид ба рушд ва ҳамкорӣ дастгирӣ меёбад,  олимони донишгоҳ дар таҳияи компонентҳои лоиҳаҳои мазкур фаъолона иштирок ва пешниҳод намудаанд, ки айни замон чанд лоиҳа оид ба рушд ва ҳамкорӣ қабул ва тасдиқ гардида, аз моҳи январи соли 2022 лоиҳаҳои мазкур ба фаъолият шуруъ менамоянд. Инчунин, 4 лоиҳаи омӯзишӣ ҷиҳати ба роҳ мондани мубодилаи академӣ пешниҳод гардидааст.

Тавассути созишномаҳои тарафайн дар доираи лоиҳаву барномаҳои мазкур омўзгорону донишҷуён ва магистру докторантони донишгоҳ ба мамлакатҳои қитъаҳои Аврупою Осиё сафарҳои илмӣ, коромӯзӣ, хондани лексия, иштирок дар семинару конференсияҳои байналмилалӣ ва такмили ихтисос анҷом медиҳанд. Дар соли таҳсили 2020-2021-ум 10 нафар донишҷӯ, ки имтиҳонҳоро аз забонҳои хориҷӣ бомуваффақият супориданд, дар доираи барномаи JD Eаst барои гузаронидани таҷрибаомӯзии истеҳсолӣ ва азхудкунии донишҳои касбӣ ба давлати Олмон равона гардиданд.

Маблағи шартномаи таҳсил дар донишгоҳ

Бо назардошти вазъи иқтисодӣ маблағи шартномаҳои ихтисосҳои роиҷи донишгоҳ дастраси умумуманд. Аз ҷумла, тавассути қарори Шӯрои олимони донишгоҳ пардохти маблағ вобаста ба имконоти молиявии волидайн дар ҳар семоҳа амалӣ мегардад. Инчунин, донишҷӯёне, ки аз падару модар маҳруманд, мувофиқи имконият аз гуруҳҳои шартномавӣ ба гуруҳҳои буҷавӣ интиқол дода мешаванд ва ё маблағи шартномаи таҳсилашон 50 фоиз кам карда мешавад.

Қабули довталабон дар соли таҳсили 2022-2023

Дар соли таҳсили 2022-2023 донишгоҳ аз рўйи 53 ихтисос довталабонро қабул менамояд ва мутахассисонро дар доираи гуруҳи ихтисосҳои (кластер) 1-2 ва 5-ум омода менамояд.

Рамзи тартибии Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур дар Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон №103 мебошад.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.