Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон — боргоҳе бо шароити мусоиди таълимӣ ва таҳсили замонавӣ

Муассисаи таълимии «Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон», ки яке аз донишгоҳҳои бонуфузи кишвар аст, раванди таҳсилро ба таври замонавӣ ба роҳ мондаву сол то сол ба натиҷаҳои назаррас ноил мегардад.

Раёсати Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон фаъолияти таълимӣ, илмию тадқиқотӣ, байналмилалӣ, ташкилию тарбиявӣ ва молиявию хоҷагидориро дар сатҳи сифатан нав ба роҳ монда, ҷиҳати баланд бардоштани сифати таълим ва тақвияти сатҳи касбияти устодон чораҳои мушаххас андешида шуданд. Бо таваҷҷуҳ ба талаботи замон ва бо мақсади баланд бардоштани сифати таълим, тақвияти корҳои илмию тадқиқотӣ, ташкилию тарбиявӣ, робитаҳои хориҷӣ ва инфрасохтор роҳбарияти донишгоҳ таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, масъалаи мукаммалсозии мазмуну мундариҷаи таҳсилот, таҳкими заминаи модию техникӣ, роҳандозии технологияҳои нави таҳсилотӣ ва фароҳам овардани шароити мусоиди таълимӣ мавриди назари доимии раёсати донишгоҳ қарор дорад.

Айни замон дар донишгоҳ 21 нафар докторони илм, 151 нафар номзади илм, 199 нафар муаллими калон ва ассистентон, дар маҷмуъ 371 нафар устодон ба фаъолияти таълимӣ машғуланд. Миқдори умумии фанҳои тадрисшаванда дар соли таҳсили соли 2021-2022-юм 526 фанро ташкил медиҳад. Шумораи умумии донишҷўён 9743 нафарро ташкил дода, аз шумораи умумӣ 2565 нафарро донишҷўдухтарон ташкил медиҳанд.

Бо мақсади ташкили раванди таълим ва таъмини методии ҷараёни таълим дар донишгоҳ барои 38 ихтисоси бакалаври шуъбаи рӯзона, 20 ихтисоси бакалаври таҳсилоти фосилавӣ, 8 ихтисоси бакалаври таҳсилоти олии дуюм ва 13 ихтисоси магистратура нақшаи нави таълим ва барномаҳои нави таҳсилотии ба талаботҳои стандартҳои ҷаҳонӣ ҷавобгў таҳия ва барои тасдиқ ба маркази таълимӣ-методии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод ва аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардидааст.

Таъминоти моддию техникии раванди таълим дар давраи ҳисоботӣ дар сатҳи ба талабот ҷавобгў ба роҳ монда шуда, айни замон дар донишгоҳ 1124 адад компютер, 124 ноутбук, 41 адад тахтаҳои электронӣ, 44 адад проектор, 16 адад планшетҳои деворӣ, 8 адад банерҳои экранӣ ва зиёда аз 220 адад принтерҳои оддӣ ва бисёрфунксионалӣ мавриди истифода қарор доранд. Инчунин, дар доираи Лоиҳаи «Рушди таҳсилоти олӣ» 40 моноблок, 8 принтер ва дигар таҷҳизоти техникӣ харидорӣ карда шудаанд.

Дар сатҳи байналмилалӣ низ донишгоҳро ҳамчун муассисаи таълимии пешрафтаи Тоҷикистон эътироф намудаанд. Фаъолияти байналмилалии донишгоҳ асосан ба ворид шудан ба фазои ягонаи таҳсилот, ҷорӣ намудани меъёрҳои байналмилалии таҳсилот дар донишгоҳ, гирифтани аккредитатсияи байналмилалӣ, ташкили курсҳои бозомўзии забонҳои русӣ ва англисӣ, ташкили таҳсилоти дудиплома ва фосилавӣ, инчунин баланд бардоштани нуфузи донишгоҳ дар арсаи байналмилалӣ нигаронида шудааст.

Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон бо зиёда аз 120 донишгоҳ ва ташкилотҳои хориҷиву дохилӣ шартномаи ҳамкорӣ бастааст. Дар соли 2021 шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ бо 10 муассисаҳои олии хориҷи кишвар, аз ҷумла Донишгоҳи давлатии техникии Приязовски Ҷумҳурии Украина, Донишгоҳи миллии техникии Лутскии Ҷумҳурии Украина, Донишгоҳи давлатии иқтисод ва технологияи Ҷумҳурии Украина ва Донишгоҳи давлатии идораи Федератсияи Россия шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расонид.

Нақшаи қабули ДДМИТ дар соли таҳсили 2020-2021-ум 2050 нафарро ташкил медод, ки дар натиҷаи ташвиқот миёни довталабон дар давраи бақайдгирии асосӣ ва иловагии Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 45 ҳазор нафар донишгоҳро интихоб карданд. Дар натиҷаи тақсимоти асосӣ ва такрорӣ 1845 нафар ба донишгоҳ дохил шуданд, ки 90%-и нақшаи қабулро ташкил медиҳад. Аз ин шумора 1523 нафар ба шуъбаи рўзона ва 322 нафар ба шуъбаи фосилавӣ рост меояд. Ҳамчунин, панҷ нафар шаҳрвандони аз офати табиӣ зарардидаи шаҳри Кўлоб ба гуруҳҳои буҷавии донишгоҳ дохил карда шуданд. Дар зинаи идомаи таҳсил бошад, ба донишгоҳ 25 нафар, яъне як нафар ба гуруҳи буҷавӣ ва 24 нафар ба гуруҳҳои шартномавӣ дохил шуданд. Барои гирифтани маълумоти олии дуюм 70 нафар ба донишгоҳ ҳуҷҷат супориданд. Ба шуъбаи омодакунии кадрҳои илмӣ ва илмӣ-педагогӣ бошад, 70 нафар ҳуҷҷат супорида, имтиҳонҳои дохилшавиро бомуваффақият супориданд.

Шумо ҳам ҳуҷҷат супоред, дар оғӯши махзани илм — Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон парвариш ёбед ва орзуҳоятонро ба самар расонед!

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.