Донишгоҳи технологии Тоҷикистон — таъмингари соҳаҳои воқеии иқтисодиёти кишвар бо мутахассисон

Донишгоҳи технологии Тоҷикистон соли 1990 таъсис ёфта, аввалин маротиба дар таърихи Тоҷикистон барои соҳаҳои воқеии иқтисодиёти кишвар — саноати сабук ва хўрокворӣ мутахассисони маълумоти олӣ доштаро, ки то даврони Истиқлол дар хориҷи кишвар тайёр карда мешуданд, таъмин намуд.

Донишгоҳ дар тӯли фаъолият барои соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи кишвар зиёда аз 15000 нафар мутахассисони рақобатпазирро тайёр намудааст ва ҳоло онҳо дар соҳаҳои калидии иқтисодиёти кишвар фаъолият бурда истодаанд.

Донишгоҳ барои ташкили босамари ҷараёни таълим ва дар сатҳи талаботҳои стандартҳои байналмилалӣ тайёр намудани мутахассисон дорои потенсиали баланди илмӣ-педагогӣ, пойгоҳи васеи моддию техникӣ мебошад. Зиёда аз 90 синфхонаҳо бо тахтаҳои электронӣ ва асбобҳои мултимедиявӣ ҷиҳозонида шуда, дар ҷараёни таълим ва корҳои илмию тадқиқотӣ зиёда аз 900 компютерҳо ва 24 синфхонаҳои компютерӣ, зиёда аз 30 озмоишгоҳҳои тахассусӣ мавриди истифода қарор доранд. Донишгоҳ бо хати оптикӣ ба шабакаи Интернет пайваст мебошад. Мавҷудияти академияи маҳалии Cisco имконият медиҳад, ки донишҷўён дар курсҳои сертификатсионии Cisco иштирок варзанд ва соҳиби сетртификати дараҷаи байналмилалии мутахассиси ин ширкат гарданд.

Мавҷудияти озмоишгоҳҳои тахассусии таълимӣ, ҳамкории васеъ бо корхонаҳои саноатӣ имконият медиҳад, ки мутахассисон баъди хатми донишгоҳ ба талаботи бозори меҳнат тайёр бошанд ва соҳиби ҷойи кор гарданд. Донишҷўён дар давоми таҳсил ба корхонаҳои саноатӣ, бонкҳо, ширкатҳо ба таҷрибаомўзӣ ва гузаронидани дарсҳои тахассусӣ ҷалб карда мешаванд.

Донишҷўён дар Марказҳои омўзиши ҳунарҳои мардумӣ ва дизайн иштирок варзида, маҳорати касбии худро метавонанд сайқал диҳанд. Донишҷуёни дилхоҳ факултетҳо дар ин марказҳои ҳунаромўзӣ иштирок варзида, нозукиҳои дўхтани либос, зардўзӣ, расмкашию нақшбандӣ дар армуғонҳоро аз худ менамоянд. Инчунин, дар донишгоҳ аз рўйи 21 ихтисос курсҳои кӯтоҳмуддати таълимӣ-сертификатсионӣ амал менамоянд.

Ҳамкориҳои байналмилалии донишгоҳ васеъ буда, бо 138 таълимгоҳҳои олии хориҷи кишвар ҳамкорӣ дорад. Мутахассисон аз хориҷи кишвар даъват карда шуда, аз фанҳои тахассусӣ ба донишҷуён дарс медиҳанд. Донишгоҳ ҳар сол дар доираи барномаҳои байналмилалии ЭРАСМУС+, GIZ соҳиби чандин грантҳо мегардад, ки онҳо ба кормандон ва донишҷўён барои дар хориҷи кишвар таҳсил ва таҷрибаомўзӣ намудан имкониятҳои васеъро фароҳам меоранд. Дар назди ДТТ фаъолият намудани Маркази Тоҷикистону Кореяи Ҷанубӣ оид ба технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ имконият медиҳад, ки донишҷӯён забонҳои муосири барномасозиро аз худ намуда, тарзи барномарезии кори роботҳо ва савораҳои беодамро аз худ намоянд. Дар маркази мазкур се нафар устодони варзида аз Кореяи Ҷанубӣ дарс меомӯзонанд.

Донишгоҳ аз рўйи 49 ихтисос дар зинаи бакалавр, аз рўйи 36 ихтисос дар зинаи магистратура ва аз рўйи 8 самти илмӣ докторантура, аз рўи ихтисос PhD мутахассис тайёр мекунад. Бо қарори Шўрои аккредитатсионии Агентии мустақили рейтинг ва аккредитатсияи Ҷумҳурии Қазоқистон аз 28-уми феврали соли 2020, №49 ду барномаи таълимии донишгоҳ бо муҳлати 5 сол ва барои як барномаи таълимӣ ба муҳлати 3 сол соҳиби Шаҳодатномаи байналмилалии аккредитатсияи барномавӣ гардиданд.

Шуруъ аз соли таҳсили 2022-2023 дар Донишгоҳ ихтисоси нав — интеллекти сунъӣ таъсис дода шудааст, ки мутахассисонро мутобиқи талаботҳои стандартҳои байналмилалӣ бо ҷалби мутахассисон аз Кореяи Ҷанубӣ омода менамояд.

Дар раванди автоматикунонии фаъолияти донишгоҳ дар китобхона барномаи ба таври автоматӣ баҳисобгирии захираи китобҳо, дархости автоматии китобҳо ба роҳ монда шуда, инчунин китобхонаи электронии донишгоҳ бо истифода аз 30 адад компютер ташкил карда шудааст. Инчунин, як толори ташкили онлайн-дарсҳо мавриди истифода қарор дода шуд, ки бо ҷалби олимони донишгоҳҳои хориҷи кишвар дарсҳо гузаронида мешаванд.

Соли 2022 дар донишгоҳ Маркази забономӯзии Донишкадаи шоҳ Сеҷонги Ҷумҳурии Корея бо синфхонаи муосири лингофонӣ кори худро ифтитоҳ бахшид, ки дар он курсҳои забономӯзии куриёгӣ бо ҷалби устодон аз Кореяи Ҷанубӣ гузаронида мешаванд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *