Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам – Абуҳанифа

Муассисаи давлатии таълимии Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам — Абуҳанифа Нуъмон ибни Собит бо ташаббуси бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2-юми ноябри соли 2007, №547 ҳамчун Муассисаи давлатии таълимӣ таъсис дода шудааст. Муассиси он Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Дар Донишкада 2 факултет: Филологияи Шарқ ва Улуми исломӣ, 4 шуъба мавҷуд буда, 1 маркази тестӣ ва 8 кафедра фаъолият дорад.

Ҳайати кормандон ва профессорони Донишкада 130 нафар  мебошанд.

Хайруллоев Иброҳим Усмонович, сардори шуъбаи илм ва робитаҳои хориҷӣ

Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам — Абуҳанифа бо таҷҳизоти навтарини компютерӣ таъмин мебошад.

Дар ДИТ 8 кафедра амал мекунад:

1. “Улуми Қуръон ва ҳадис”

2. “Шариати исломӣ”

3. “Забон ва адабиёти араб”

4. “Таърих ва диншиносӣ”

5. “Илмҳои ҷамъиятшиносӣ”

6. “Илмҳои табиӣ ва иттилоотӣ”

7. “Забонҳо”

8. “Педагогика ва мероси ниёгон”.

Суроғаи Донишкада: шаҳри Душанбе, ноҳияи Исмоили Сомонӣ, хиёбони Рўдакӣ, кўчаи Шодмонӣ 58/1

Телефон: (+992 37) 224-22-36. Факс: (+992 37) 224-20-55

E-mail: [email protected]

Довталабони азиз! дар Маркази миллии тестӣ рақами бақайдгирии Донишкадаи исломии Тоҷикистон таҳти №208 мебошад.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.