“Достони писари муаллим”- падидаи тоза дар насри муосир
Китоби “Достони писари муаллим” асари тозаест, ки дар насри ҳуҷҷатии муосири тоҷик ҳамчун як падидаи ҷолиб ва тоза зуҳур кардааст. Ин китоб, ки ба зиндагӣ ва фаъолияти яке аз фарзандони содиқи ватан – Гул Шералӣ бахшида шудааст, дар навишт ва баёни воқеиятҳо сабки нав ва диди хосро ба намоиш мегузорад. Муаллиф Шариф Ҳамдампур бо як ҷаҳон ҳисси масъулият ва дарки амиқи рисолати сухан, достони мардеро рӯи коғаз овардааст, ки роҳи ӯ дар айни замон инъикоси роҳи як давлати навбунёд низ ҳаст.
Китоб на танҳо саргузашти шахсии Гул Шералӣ, балки таърихи зиндаи замони муосири диёри моро дар худ таҷассум намудааст – аз оғози соҳибистиқлолӣ то поя гузоштан ва рушд кардани сохторҳои муҳими иқтисодӣ, аз ҷумла саноат ва энергетика, ки таҳти роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ шудаанд. Ҳамчунин, китоб таърихи ҷуғрофии як минтақа – деҳаи Олучадараи ноҳияи Данғараро, ки зодгоҳи қаҳрамони асар мебошад, пешкаши хонанда мегардонад.
Яке аз навгониҳои аз ҳама муҳими китоб усули нигориш мебошад. Муаллифи асар сабки тозаро ба кор бурдааст, ки дар насри муосири тоҷик хеле кам дида мешавад: омезиши тахайюлоти бадеӣ бо воқеияти ҳуҷҷатӣ. Ҳар саҳифа гувоҳи як пайванди қавӣ миёни гузаштаи шахсӣ, вазъияти иҷтимоӣ ва рушди кишвар мебошад. Ин сабки хос як навъ нигориши публисистӣ бо ангезаи драматургия ва санъати шабеҳасозӣ мебошад, ки хоси қалами муаллиф аст.
Навгонии дигар ва хеле ҷолиби ин китоб анҷом бахшидани ҳар боб бо суҳбати зинда ва мусоҳиба бо Гул Шералӣ мебошад. Ҳар яке аз ҳафт боб на танҳо як бахши муҳими ҳаёти қаҳрамонро дар бар мегирад, балки дар фарҷом ӯро рӯ ба рӯ бо вақт мегузоранд. Гул Шералӣ, ки гӯё худ дар поёни ҳар қисмат ба гуфтугӯ менишинад, ба гузашта менигарад, онро бо воқеияти рӯз муқоиса мекунад ва хулосаҳои инсонии хешро бо хонанда дар миён мегузорад. Ин тарзи нигориш ба китоб на танҳо маънии фалсафӣ мебахшад, балки таассуроти амиқи рӯҳонӣ ва ахлоқӣ низ ба хонанда мерасонад.
“Достони писари муаллим” – на танҳо таърихи як инсон, балки достони мардест, ки бо сидқу вафо ба Ватан хидмат кардааст. Воқеан ин китоб дастовардест, ки аз он аҳли сухану ҳам хонандаи оддӣ ва ҳам пажӯҳишгарон баҳра хоҳанд бардошт.
Муҳаммад Ғоиб,
Шоири халқии Тоҷикистон, Барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ