Маркази ташхису табобат ва таълими ДМТ ба истифода дода шуд
Имрӯз, 20 июн Маркази ташхису табобат ва таълими Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мавриди истифода қарор дода шуд.
Дар ифтитоҳи расмии марказ Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ иштирок карданд.



Маркази ташхису табобат ва таълими Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар ҳудуди шаҳраки донишҷӯён, воқеъ дар ноҳияи Синои пойтахт ҷойгир аст.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Сарвари давлат, дар Маркази ташхису табобати Донишгоҳи миллии Тоҷикистон толори маҷлисгоҳ барои 60 нафар, 61 утоқи корӣ ва дигар ҳуҷраҳои зарурӣ, ба монанди ташхиси рентгенӣ, томаграфияи резонанси магнитӣ, ташхиси ултурасадо, табиби сироятшинос, дандонпизишкӣ, урологӣ, ҷарроҳӣ, доругузаронӣ, анестезологӣ, хунгирӣ, ташхиси биохимиявӣ, дорухона ва озмоишгоҳҳо ҷой дода шудааст.
Ба Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон иттиллоъ дода шуд, ки бо назардошти талаботи ин соҳа, дар ошёнаҳои болоии марказ ҳуҷраҳои алерголог, гемотолог, гинеколог, гӯшу гулу ва бинӣ, терапия, табибони оилавӣ, асабшинос, педиатр, эндокринолог ва табиби чамш ҷой дода шудаанд.
Марказ имкон дорад, ки дар як вақт ба 300 нафар кормандону омӯзгорон, донишҷӯёни донишгоҳ ва дигар муроҷиаткунандагон хизмати баландсифати тиббӣ расонад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ