Довталаб-2025. Рӯзи дарҳои кушод дар ДМТ (аксҳо)
Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо иштироки ректори ДМТ, профессор Насриддинзода Э.С., садорати факултетҳо ва муовинони онҳо Рӯзи дарҳои кушод баргузор гардид.
Дар он омӯзгорону хамткунандагони мактабҳои миёнаи пойтахт ва ноҳияҳои гуногуни ҷумҳурӣ, инчунин хатмкунандагони литсейи ДМТ иштирок доштанд.
Нахуст, довталабонро ансамбли халқии “Наврӯз”-и донишгоҳ бо садои мусиқии ҷаззоби баҳорӣ истиқбол гирифта, сипас онҳо аз намоишгоҳи донишгоҳ, ки аз дастовардҳои илмию таълимии устодону кормандон ва донишҷӯёни факултетҳо иборат буд, боздид намуданд.


Баъдан, ректори донишгоҳ роҷеъ ба фаъолият ва дастовардҳои донишгоҳ ба довталабон сухан гуфта, қайд намуд, ки имрӯзҳо Донишгоҳи миллии Тоҷикистон яке аз марказҳои бузурги илмию таълимӣ ба ҳисоб меравад.
Ҳамзамон, зикр шуд, ки донишгоҳ бо як зумра донишгоҳҳои хориҷӣ шартномаҳои ҳамкорӣ дошта, донишҷӯёни лаёқатманд метавонанд таҳсили худро дар хориҷа давом диҳанд.
Дар идома атрофи омӯзиши курсҳои махсуси забонҳои хориҷӣ, интихоби ихтисосҳои гуногун, ҷараёни корҳои таълиму тарбия дар донишгоҳ андешаҳои ҷолиб сурат гирифт.










Дар анҷом довталабон вориди факултетҳо шуда, аз марказҳои омӯзишӣ, озмоишгоҳҳои илмию таълимӣ, шароити таҳсил дар факултетҳо ва аз СТТ факултети журналистикаю Осорхонаи Пешвои миллат боздид намуданд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ