Ду аспи зотӣ. Туҳфаи Рамзан Қодиров ба Шавкат Мирзиёев
Раисҷумҳури Чеченистон ба Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дар зодрӯзаш ду аспи зотӣ туҳфа кард.
Ӯ дар як паёми видеоӣ президентро ба муносибати 65 -солагиаш шахсан табрик низ кардааст.
“Шахси хоксору меҳмондӯст ва ҳамзамон сиёсатмадори хирадманду дурандеш – ҳамин тавр метавон Шавкат Миромоновичро тавсиф кард. Ӯ воқеан ошиқ ба ватан аст”, — навиштааст раҳбари Чеченистон дар саҳифаи шахсии худ дар “Вконтакте”.
Ҳамчунин, Қодиров изҳори итминон кардааст, ки бо “дасти салоҳиятдор”-и президент Ӯзбекистон ба “маркази сайёҳии исломӣ” табдил хоҳад ёфт.
“Ба муҳтарам Шавкат Миромонович аз самими қалб саломатии бардавом, умри дароз, инчунин ба Ӯзбекистони бародар сулҳу субот ва шукуфоӣ таманно дорам”, – гуфт ӯ дар паёми видеоӣ.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ