Ду нишони паҳлавонони Тоҷикистон аз Qingdao Grand Prix 2025

Аз 26 то 28-уми сентябр дар Чингдаои Чин мусобиқаи ҷудои Qingdao Grand Prix 2025 баргузор шуд, ки дар он паҳлавонони тоҷик ду нишон ба даст оварданд.

Тоҷикистонро дар ин мусобиқа мардҳо Меҳрзод Сӯфиев (-60 кг), Муҳаммадсолеҳ Қувватов (-60 кг), Обид Ҷебов (-66 кг), Абубакр Шеров (-73 кг), Масъуди Аҳмадзода (-73 кг), Сомон Маҳмадбеков (-81 кг), Муҳаммадҷон Абдуҷалилзода (-90 кг), Ҷаҳонгир Маҷидов (-100 кг) ва занон Аҳлия Муминова (-48 кг), Александра Кан (-57 кг), Виктория Киселёва (+78 кг) намояндагӣ карданд. 

Обид Ҷебов дар вазни 66 кг соҳиби медали нуқра гардида, Ҷаҳонгир Маҷидов дар вазни то 100 кг медали биринҷӣ ба даст овард. Ҷебов рақобатҳоро дар марҳилаи чаҳорякниҳоӣ оғоз карда, бар Нурмуҳаммад Ботабай аз Қазоқистон зафар ёфт. Дар даври нимниҳоӣ Ҷебов бо Ким Чаннйеонг аз Куриёи Ҷанубӣ пирӯз шуд ва дар рақобати ниҳоӣ аз намояндаи Муғулистон Басхуу Йондонперенлей шикаст хӯрд.

Ҷаҳонгир Маҷидов (-100 кг) дар марҳилаи ҳаштякниҳоӣ муқобили Ким Ҳансу аз Куриёи Ҷанубӣ ва дар марҳилаи чаҳорякниҳоӣ бар Макс Грегори аз Бритониё пирӯз шуд. Ӯ дар марҳилаи нимниҳоӣ аз намояндаи Маҷористон Вег Зсомбор мағлуб шуд ва дар мубориза барои нишони биринҷӣ бар намояндаи Лаҳистон Мичал Ҷедрзеҷевски бо имтиёзи иппон пирӯзӣ ба даст овард. Ин аввалин медали биринҷӣ барои Маҷидов дар мусобиқаҳои Grand Prix аст.

Масъуди Аҳмадзод (-73 кг) мақоми 5-умро гирифт. Муҳаммадсолеҳ Қувватов (-60 кг) бо Сомон Маҳмадбеков (-81 кг) мақоми 7-умро ишғол карданд. Меҳрзод Суфиев (60 кг), Александра Кан (57 кг), Абубакр Шеров (73 кг) ва Виктория Киселёва (+78 кг) дар рақобатҳои аввал ноком гардиданд. Тоҷикистон мусобиқаро дар зинаи 10-ум ба анҷом расонд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *