Фурсате барои таърих (идома аз мақолаи “Вақте ки ҳақиқат тир хӯрд”)
Фурсате барои таърих
Маскав дигар маркази тасмимҳои қатъӣ набуд. Фишори идеологӣ сусттар мешуд. Шӯроҳои Олии ҷумҳуриҳо фаъолтар мегаштанд. Ин заминаҳо ба раҳбарони сатҳи аввали ҷумҳурӣ дарак доданд, ки дигар давлати пуриқтидори СССР ҳамеша такягоҳи маънавию сиёсӣ нахоҳад монд. Мардум аз сиёсати нав бештар эҳтиром ба арзишҳои миллиро интизор доштанд. Ва ин арзишҳо — забон, таърих, фарҳанг таҳкурсии ҳама гуна сиёсати солим буданд.
Дар чунин фазо Қаҳҳор Маҳкамов, котиби аввали КМ ПК Тоҷикистон, бо вуҷуди ҳамаи маҳдудиятҳои марказ, бо ҳисси масъулияти миллӣ ба зарурати эҳёи забони тоҷикӣ таваҷҷуҳ зоҳир кард. Вай медонист, ки идораи як ҷомеаи зеҳнӣ ва бедор, бидуни пос доштани забон ва рамзҳои миллӣ имконнопазир аст.
Қонуни забон
22 июли соли 1989 аз ҷониби Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон Қонуни забони давлатӣ тасдиқ гардид, ки он на танҳо як санади ҳуқуқӣ , балки як лаҳзаи бедории миллӣ буд. Қонуни забон оинаи миллат шуд, ки дар он тоҷик худро дид: бо забонаш, бо таърихи мардонаи суханаш, бо орзуҳои деринаш.
Раиси ҳизби коммунисти Тоҷикистон Шодӣ Шабдолов дар хотироти худ менависад:
“Муродуллоҳ Шерализода дар таҳия ва ба Шўрои Олии Тоҷикистон пешниҳод намудани лоиҳаи Қонуни Конститутсионии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Тоҷикистон» саҳми мустақим дошт, ки ин ҳам дар он замон як шуҷоат дар ҳифзи забони давлатии тоҷики буд”.
Миллат дигар на танҳо дар ашъори устодон ва хотироти гузашта, низ дар сатрҳои қонун, дар суханрониҳои расмӣ, дар мукотибаҳои давлатӣ, коргузорӣ ва ҳар китоби дарсӣ ҳузур дошт. Забон дигар рамзи ҳувият не, худи ҳувият гашта буд.
Қабули Қонуни забон оғози марҳилаи нав барои мардуми тоҷик дар анҷоми асри бист буд. Он аз талоши сиёсӣ ба эҳё расид. Эҳёи худшиносӣ, эҳёи ифтихор, эҳёи миллат.
Қадами сиёсию фарҳангӣ дар роҳи худшиносии миллӣ
22 июли соли 1989, Шӯрои Олии Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон Қонуни аввалин «Дар бораи забони давлатӣ»—ро қабул кард. Ин қонун забони тоҷикиро ба таври расмӣ забони давлатӣ эълон намуд — як рӯйдоди таърихие, ки пайомадҳояш аз доираи забон берун рафт ва ба як рамзи эҳёи миллию сиёсӣ табдил ёфт.
Қонуни мазкур замоне қабул шуд, ки Иттиҳоди Шӯравӣ ба марҳилаи ислоҳоти “бозсозӣ” ворид шуда буд. Дар Тоҷикистон низ рӯҳияи эҳёи миллӣ афзоиш ёфта буд. Ин дар талошҳои зиёде барои эҳтироми фарҳанг, таърих ва хусусан забон – ҳамчун пояи ҳастии миллӣ ифода меёфт.
Қонуни забон танҳо як санади ҳуқуқӣ набуд, балки рамзи худшиносӣ ва истиқлол; эътирофи мақоми расмии забони тоҷикӣ дар сохторҳои давлатӣ; замина барои рушди маориф, фарҳанг ва илм бо забони модарӣ буд.
Қабули ин қонун осон набуд. Дар паси парда баҳсҳои шадид, муқовимати ниҳодҳои марказӣ ва нигаронии ҷомеаи русзабон ҷой дошт. Ин ташаббус ҷасорат ва дурбинии сиёсатмадорони тоҷикро талаб мекард, аз ҷумла Қаҳҳор Маҳкамов ва мушовирони ӯ, ки дар таҳияи он нақши муҳим бозиданд.

Аз ёдошти Қаҳҳор Маҳкамов:
Шиносоии ман бо Муродуллоҳ замоне сурат гирифт, ки Котиби якуми Кумитаи Марказии ҳизби коммунисти Тоҷикистон будам. Дар ҷумҳуриҳои Иттифоқи Советӣ дар заминаи бозсозии горбачёвӣ як таҳҳавулот, ҷунбише ба миён омада буд. Дар заминаи ҳамин ҷунбиш масъалаи омўзиши амиқи забони тоҷикӣ ба миён омад. Ман ҳамагӣ се синф ба тоҷикӣ хонда будам ва тасмим гирифтам, ки ин забонро дақиқ омўзам. Ба ин хотир зарурати доштани як ёрдамчие ба миён омад, ки забони тоҷикиро хуб донад. Номзадҳо зиёд буданд. Аз ҷумла, Муроддуллоҳро пешниҳод намуданд. Гуфтанд, ки номзади илм аст, китобҳои бадеӣ ва илмиро ба забони тоҷикӣ тарҷума кардааст, дар Афғонистон низ ба сифати тарҷумон фаъолият дошт.
Ӯро барои суҳбат даъват намуданд. Ба назарам бисёр боадаб, хушзабон ва донишманд намуд. Забони русиро ҳам хуб медонист. Ба наздаш як шарт гузоштам: дар кадом ҳолате, ки набошад, мо бояд танҳо ба забони тоҷикӣ гап занем. Ӯ ба сифати ёрдамчӣ ба кор шуруъ кард. Ин ба назарам, соли 1987 буд.
Интихоби мо ғалат набаромад. Ӯ ба забони тоҷикӣ чунон гап мезад, ки кас ҳаловат мебурд. Кордону донишманд ва сиёсатмадори хубе буд. Чанд соле, ки мо якҷоя кор кардем, ин шахс дар дафтари хотироти ман ҳамчун як инсони поквиҷдон, серғайрат, бошараф боқӣ мондааст.
Як лаҳзаи соли 1992 , баъди ба истеъфо рафтанам ҳеҷ аз хотирам намеравад. Дар ширкате ба сифати ёрдамчии раис кор мекардам. 16 апрел, рўзи таваллудам буд. Якбора ба наздам Муродуллоҳ даромада омад ва маро бо рўзи мавлудам табрик гуфт. Дар ҳамон сол ман ба синни 60 расида будам, аммо ба хотири ҳеҷ касе ин сана нарасида буд. Муродуллоҳ ягона касе буд, ки ин сана дар хотираш мондааст.
Инсоне бисёр қадрдон ва масъулиятшинос буд. Мавқеъ дошт, масъулиятшинос буд. Ба дурўягон, ки хоси қисме аз депутатҳо буд , мухолифони давлат нафрат доштанд. То рўзи марг дар мавқеи давлат қарор содиқ боқӣ монд. Оппозитсияро бад медид ва билохира ҳамин оппозитсия ин касро кушт…
Афсӯс, ки як одами наздики ман аз дунё рафт…
(Давом дорад)
Шариф Ҳадампур
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ