Ду ноболиғи тоҷикро аз Русия ба Ватан баргардонданд

Ду шаҳрванди ноболиғи Тоҷикистон, ки дар Русия бесарпаноҳ монда буданд, ба Ватан баргардонида шудаанд.

Сафорати Тоҷикистон дар Русия хабар дод, ки баргардонидани кӯдакон бо мусоидати хадамоти консулии сафорат ва дар асоси “Созишномаи ҳамкории кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил роҷеъ ба баргардонидани ноболиғон” сурат гирифтааст.

Дар иттилоияи расмӣ гуфта мешавад, ки ин ноболиғон дар қаламрави Русия бепарастор монда буданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *