Духтари дуюми президенти пешин аз мақом рафт

Лола Каримова — духтари дуюми президенти пешини Узбакистон Ислом Каримов, аз мақоми сафирии кишварашро дар ЮНЕСКО канор раф. Каримова дар ин бора рӯзи 2 феврал дар Фейсбук хабар дод.

Лола Каримова навишт, имрӯз охирин рӯзи фаъолияташ дар ин мақом аст.

Ӯ аз хизматҳои худ ёдовар шуд ва гуфт, «сар аз соли 2008, замоне, ки Намояндагии доимӣ ба фаъолият шуруъ кард, чанде аз ёдгориҳои фарҳангии Ӯзбекистон шомили рӯйхати мероси ғайримоддии ЮНЕСКО шуд. Инҳо — анъанаи таҷлили «Наврӯз», шеърсароии мардумони водии Фарғонаи Ӯзбекистон «Катта ашула», анъана ва фарҳанги ошпазии Ӯзбекистон, фазои фарҳангии Бойсун, Шашмақом ва эҷодиёти шифоҳии мардумӣ «Аския» ҳастанд. Моҳи декабри соли гузашта дастгоҳи анъанавии истеҳсоли атлас ва адрас низ шомили ЮНЕСКО шуданд».

Духтари президенти пешини Узбакистон тасмим дорад, фаъолияти башардӯстонаашро дар бунёди кӯдаконаи «Ту танҳо нестӣ» идома диҳад.

Лола Каримова ҳанӯз моҳи августи соли 2017 хабар дода буд, ки курсии сафирии кишварашро дар ЮНЕСКО тарк мекунад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *