Дунёи Мансур Бобохонов. Ё сабақҳое, ки як олмонӣ аз як тоҷик омӯхт
Соли равон, аҳли илми кишвар, 90-солагии шодравон, доктори илми таърих, профессор Мансур Бобохоновро таҷлил мекунанд. Номбурда дар пажӯҳиши таърихи тоҷикон, махсусан, дар таҳқиқи таърихи тоҷикони ҷаҳон нақши носутурданӣ дорад. “Тоҷикистон” ба ин муносибат хотироти ховаршиноси маъруфи олмонӣ, профессор Манфред Лоренсро пешкаши шумо мегардонад.
Дидори аввалин
18 сентябри соли 1957 ман бо мақсади такмили ихтисоси аспирантӣ ба Тоҷикистон тавассути қатора ба пойтахти он – шаҳри Сталинобод бори нахуст қадам гузоштам. Дар вокзал маро муаллимаи забони олмонӣ Флора Меринг, намояндаи аспирантураи Донишгоҳ Галина Димитриевна Захарова ва аспирантони Донишгоҳ пешвоз гирифтанд. Маро то ба кӯчаи он вақтаи Кӯйбишев роҳнамоӣ намуданд, дар он ҷо ман бояд дар хобгоҳи университет зиндагӣ мекардам.
Азбаски ҳамаи ин корҳо бори нахуст сурат мегирифтанд, ба ман хеле мароқовар буданд. Ҳангоми пешвозгирӣ ба ман гулҳои зиёд туҳфа карданд. Вале дар утоқи ман гулдон набуд, ки гулҳоро монам. «Дар шафати даромадгоҳ яке аз аспирантонамон зиндагӣ мекунад, ӯро фарёд кунед», – фармон дод Галина Димитриевна. Як нафар ҷавонмард дар тан куртаи сафед ва дар сараш тӯппӣ пайдо шуд. Ин шахс аспирант Мансур Бобохонов будааст.
Вай ба гулҳои тақдимшудаи ман ду истакон – ду зарфи шишагин ёфта овард. Баъдтар ман фаҳмидам, ки ӯ дар даромадгоҳи хобгоҳ, дар утоқи алоҳида бо писари додари хурдиаш Солихон дар он манзил зиндагӣ мекарданд, зеро модари маризашон дар касалхона будааст. Истаконҳое, ки барои гулҳои ман оварданд, зарфи обнӯшии онҳо будааст ва дар ҳуҷраашон фақат як истакон ба се нафар монда будааст. Лекин ман он вақт дар ин хусус хабар надоштам. Ин нахустин вохӯрии ман бо Мансур Бобохонов буд, минбаъд аён гашт, ки он ёриву мадади ғайриоддии дӯсти тоҷикам нисбат ба меҳмони аз Германияи дурдаст омада ба ҳисоб мерафт.
Сабақҳои Мансурхон
Дӯстии мо минбаъд идома ёфт. Мансурхон рӯзи дигар маро бо шаҳр шинос намуд. Ман бо ӯ ба забони тоҷикӣ гап зада тавонистам, вале фарқияти он забони форсиеро, ки дар Берлин тавассути ёриву кумаки устодони ирониам омӯхта будам, то андозае ҳис намудам ва ба корбасту аз худ намудани унсурҳои нави ношинос оғоз намудам. Умуман, ғамхорӣ дар ҳаққи ман вазифаи Мансурхон ба ҳисоб намерафт. Зеро ӯ муаррих буда, ба ҳимояи рисолаи илмиаш омодагӣ мегирифт, вале ман бошам, узви факултети филологияи тоҷик будам. Бо вуҷуди он, шарҳу тафсири ӯ дар бораи рӯзгори тоҷикон, маро дар байни мардум бурда, шиносонданаш, хусусан, нақлу ривоятҳо дар бораи таърихи тоҷикон ба ман хеле муфид буданд. Ман таърихи Эронро дар Берлин омӯхта будам, вале перомуни Темурмалик ва муборизаи ӯ баҳри муҳофизати Хуҷанд ва ба ҳамин монанд масъалаҳои таърихиро бори нахуст аз забони Мансурхон шунидаам. Он чизе, ки ба маслиҳату машварати илмиву эҷодӣ мутааллиқ аст, ман дар он замон ҳамчун аспиранти ягонаи хориҷӣ дар ҳақиқат ҳам аз ҳар ҷониб, масалан, аз ректори Донишгоҳ С. Раҷабов, проректори қисми илмӣ, адабиётшинос С. Табаров сар карда, то роҳбари илмиам Д. Тоҷиев ва ғайра ҳис мекардам. Қаблан тамоми онҳое, ки ба ман дар омӯхтани забон ва адабиёти тоҷикон мансуб ба аҳди муосир ва қадим ёрмандӣ намудаанд, бо эҳтироми хоса ёдоварӣ мекунам. Аммо Мансурхон дар ин муносибат мавқеи муҳимро ишғол менамуд. Ӯ на танҳо дар миёни ман ва таърихшиносони университет робитаи қавӣ ва устувор барқарор намуд, балки дигар корҳои муҳимтару назаррасро анҷом дод. Дӯстии бардавоме, ки маро то охири умраш бо устоди Мансурхон Зариф Раҷабов – нахустин ректори Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон алоқаманд мекард, ин боигарии асосӣ ва фаромӯшнашавандаи хотироту ёддоштҳои ман ба шумор мераванд.
Риштаҳои дӯстӣ
Барои он ки бо фарҳангу маданияти як халқ шинос шавӣ, аз доираи танги робитаи ғайриоддии зиёиён берун баромадан зарур аст, бо мардуми оддӣ ва касбу кори гуногун вохӯрдан лозим аст. Мансурхон маро ба ватани шамолии тоҷикиаш шаҳри Конибодом даъват намуд. Кадоме аз ҳамкасбони ман ҳақиқатан пойҳои худро дар таги кӯрпа дар «сандалӣ» гарм карда бошад?
Ман бештар онро аз адабиёти форсӣ бо номи «корсӣ» мутолиа намуда фаҳмида будам, вале онро бори аввал дар манзили амаки Мансурхон – Бузургхон-амак дидам ва пойҳоямро дар он гарм кардам. Мо ба Исфараву Хуҷанд сафар кардем ва то Чоркӯҳи дурдаст расидем, то ки амаки дигари Мансурхон Тӯхтахон-амакро бубинем. Ман бо одамони оддиву хоксор – кишоварзу ҳунарманд вохӯрда, бо лаҳҷаи (диалект) онҳо шинос шуда тавонистам. Пас аз як сол, бо тассуроти бою рангин ва фаромӯшнашаванда ба Ватан баргаштам. Ман метавонистам рисолаи илмии худро дар мавзӯи фарқияти байни забонҳои тоҷикӣ ва форсӣ таълиф карда, дифоъ намоям. Аммо мукотибаи хаттӣ бо Мансурхон ҳеҷ гоҳ қатъ наёфтааст. Вақте ки пас аз 12 сол аз нав ба такмили ихтисос ва бардоштани малакаи хеш ба Душанбе омадам, Мансурхон дар он замон аллакай ба дараҷаи дотсентӣ расида буд. Бо ҳамсараш Зебохон ва фарзандонаш Умед ва Фируза дар дар хиёбони Айнӣ дар манзили алоҳида зиндагӣ мекард. Дӯстии мо чун пештара давом меёфт. Ман ҳам бо ҳамсари худ Ҳилтрауд ва фарзандам дар бораи дӯстони тоҷикам ҳикояҳо карда, дар мавриди расму русумашон гуфта онҳоро тариқи расмҳо шинос карда будам.
Ҳамин тариқ, дар соли 1971 оилаи Бобохоновҳо ба Германия даъват карда шуданд. Дар ҳақиқат ҳам, ба онҳо сайру гашт ва тамошои Берлин ва гирду атрофи он, мавзеъҳои таърихии Потсдам ва шаҳри азизи ман Туюринг, ки 300 км ҷанубтар аз Берлин ҷойгир аст, бағоят мароқовар буданд. Онҳо бо волидони ман шинос шуданд. Аммо ба ман аз ҳама муҳимтар он аст, ки ҳамсару писаронам ҳам бо оилаи Мансурхон дӯстӣ пайдо карданд. Мо ин анъанаи некро солҳо идома додем. Дар соли 1973 ман бо оилаи худ аз нав ба Тоҷикистон ташриф овардам. Онҳо шаҳри Душанбе ва гирду атрофи онро тамошо карданд, майдони пахтазорро дар водии Вахш диданд ва инчунин «волидони мо»-ро дар Конибодом, Хуҷанд ва Чоркӯҳ зиёрат намуданд. Падари Мансур ҳамсари ман Ҳиллоро ҳамчун духтари худ гарму ҷӯшон истиқбол намуд. Хусусан, ба ман иттифоқ афтод, ки ба масъалаи забон ба онҳо мадад расонам, бо вуҷуди он ки бачаҳоям дар мактаб забони русиро омӯхта буданд, дар ин вазъияти ношинос ва дар баъзе ҳолатҳо шинос худро хеле хуб ҳис карданд, бо бачаҳои Мансурхон ба тезӣ дӯстӣ пайдо намуданд, ки ин дӯстӣ то имрӯз идома дорад. Пас аз муттаҳид шудани Германия, мо хостем, ки дӯстонамонро ба меҳмонӣ даъват намоем, вале дар он замон вазъият ноором буду онҳо ташвишҳои гарону зиёдеро аз сар мегузаронданд. Дар охир, онҳо дар соли 1995, вақте ки ба ин ҷо омаданд, ҳамсари ман вафот карда буд. Мансурхон ва Зебохон якҷоя бо мани танҳо қабри ӯро зиёрат карданду халос. Модари маризи ман дар Туюринг дӯстони шиноси деринаашро бо муҳаббати беандоза ба оғӯш гирифт…
Ифтихори бародардорӣ
Дар ин сафар мо дар шаҳри Виттенбург таваққуф намудем, зеро он ба муаррих Мансур Бобохонов, ки профессори таърих аст, мароқангез буд, зеро дар ин ҷо ислоҳотчии машҳур Мартин Лютер – асосгузори протестантизм яке аз шохаи муҳими дини насронӣ зиндагӣ кардааст.
Мансурхон ҳамеша кӯшиш ба харҷ медод, ки аз рӯи имкон ҳарчи бештар пиромуни олмониҳо ва дар бораи таъриху маданияти онҳо маълумот дастрас намояд. Ман боре дар факултети таърих дар яке аз лексияҳои ӯ дар бораи таърихи Германия ширкат намуда будам. Ба наздикӣ дар бораи навгониҳои корҳои ҳозираи ӯ, ки ба тадқиқу омӯзиши таърихи тоҷикони ҷаҳон ҷиддан машғул аст, хабардор шудам ва сидқан аз ин кор хушнуд гаштам. Дар ҳақиқат ҳам, ду ҷилди «Таърихи тоҷикони ҷаҳон» рафҳои китобхонаи манро зинату ороиш медиҳанд.
Аллакай, бачаҳои ӯ борҳо дар Берлин дар манзили мо меҳмон шуда, бо оилаҳои писарони ман ва фарзандони онҳо мулоқоту вохӯрӣ намуданд. Хуб аст, ки дӯстии оилаҳои мо идома меёбад.
Ман ҳангоми мудири кафедраи эроншиносии Донишгоҳи Берлин ба номи Ҳумболдт буданам, чандин маротиба донишҷӯёни худро ба мақсади баланд бардоштани донишу малака ва такмили ихтисос дар Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба Душанбе фиристода будам. Онҳо ба бисёр мавзеъҳо, ҳатто то Самарқанди ҳамсоя сайёҳат карда, бо бисёр ҷойҳо шинос шуданд. Вале мутаассифона, ба мисли Мансурхон дӯсту бародарро пайдо карда натавонистанд. Ман аз тақдири баланди хеш меболам, ки ба ман Худованд чунин хушбахтиро насиб гардонид ва мисли Мансурхон бародар доштам…
Манфред Лоренс,
бародари олмонии Мансур Бобохонов аз Берлин
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ