Дунёи варзиш: Месси хоксорӣ кард
Футболбози беҳамтои дунё Лео Месси дар мавриди Чемпионати ҷаҳон, ки имсол дар Қатар доир мегардад, фикрашро гуфт.
Ба боварии Месси имсол ду дастаи пурқувват — Бразилия ва Фаронса аз довталабони асосии мусобиқаи мазкур ҳастанд.
— Ба фикри ман мунтахабҳои Бразилия ва Фаронса дастаҳои аз ҳама боқуввати Чемпионати ҷаҳон ҳастанд, зеро дар ин ду даста солҳои зиёд аст, ки мураббӣ иваз намешавад,- иброз дошт Месси.
Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75
Шарҳ