Душанбе: Чорабиниҳои оммавии Рӯзи пойтахт манъ шуданд

Дар Душанбе гузаронидани ҳама гуна чорабиниҳои оммавӣ бахшида ба Рӯзи пойтахт  манъ карда шуд ва мақсад аз ин иқдомро Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе  пешгирии паҳншавии бемории коронавирус ва ҳифзи солимии  аҳолӣ арзёбӣ кардаанд.

«Чун анъана ҳамасола дар Рӯзи пойтахт дар чор ноҳияи  шаҳр,  бахусус дар боғҳои фарҳангу фароғатии Душанбе базмҳои идона, нишасту ҷамъомадҳо ва дигар барномаҳои гуногуни фарҳангию варзишӣ  баргузор мегардиданд. Ҳамчунин дар ин рӯз  озмунҳои касбии соҳаи тандурустӣ ва маорифи  шаҳри Душанбе — «Беморхонаи сол», «Муассисаи кумаки аввалияи тиббию санитарии сол», «Табиби сол», «Табиби оилавии сол», «Корманди миёнаи тибби сол», «Мураббии сол», «Омӯзгори сол», «Хонандаи сол» ва дигар озмунҳои шаҳрӣ ҷамъбаст гардида, ғолибони он бо мукофотҳои муқаррарнамуда сарфароз гардонида мешуданд. Вале бо дарназардошти вазъияти баамаломада, имсол  дар ин рӯз  дар пойтахт  гузаронидани маъракаҳои серодам  ва дигар чорабиниҳои оммавӣ манъ гардид».

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.