Душанбе мизбони Рӯзҳои фарҳанги Чин мешавад

Дар шаҳри Душанбе масъалаи баргузории Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифт. Дар ин робита вохӯрии Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён бо Сафири фавқулода ва мухтори Чин дар Тоҷикистон Го Жиҷун баргузор шуд.

Тавре Вазорати фарҳанги Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ҷонибҳо масъалаҳои марбут ба ҳамоишу форумҳои фарҳангӣ, баргузории чорабиниҳои муштарак, намоишгоҳҳо ва табодули таҷрибаро баррасӣ карданд. Таъкид гардид, ки ҳадафи баргузории чунин рӯзҳо таҳкими робитаҳои дӯстона ва густариши ҳамкориҳои фарҳангиву ҳунарӣ миёни ду кишвар мебошад.

Ёдовар мешавем, ки Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Чин солҳои 2008, 2013, 2019,  2025  ва Рӯзҳои фарҳанги Чин дар Тоҷикистон солҳои 2007 ва 2014 баргузор гардида буданд.

Ҳамкориҳои фарҳангии Тоҷикистону Чин дар асоси Созишномаи байниҳукуматӣ дар соҳаи фарҳанг ва Барномаи мубодилаи фарҳангӣ миёни ду вазорат амалӣ мешаванд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *