Душанбе: Оғози Намоиши байналмилалии «Рӯзҳои маорифи Қазоқистон»

Имрӯз дар Донишгоҳи славянии Россияву Тоҷикистон Намоиши байналмилалии «Рӯзҳои маорифи Қазоқистон», ки аз 18 то 19 апрели соли равон давом меёбад, оғоз гардид.

Дар кушодашавии чорабинӣ муовини якуми Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон  Раҳматулло Мирбобоев,  сафири Ҷумҳурии Қазоқистон дар Тоҷикистон  Нурлан Сейтимов, намояндагони донишгоҳҳои Ҷумҳурии Қазоқистон ва дигарон иштирок намуданд.

Тавре  директори Муассисаи давлатии «Маркази барномаҳои байналмилалӣ»-и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Исматулло  Шодизода иттилоъ додааст,  соли дуюм аст, ки намоишгоҳи мазкур дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад. Ба он 23 донишгоҳи Ҷумҳурии Қазоқистон даъват шудаанд.

«Имрӯз мо барои шахсоне, ки хоҳиши дар Ҷумҳурии Қазоқистон таҳсил кардан доранд, шароит фароҳам овардем, то бо ихтисосҳо, донишгоҳҳо ва шароити онҳо аз наздик шинос шаванд. Ин донишгоҳҳо бурсияҳои таҳсилии худро доранд ва хоҳишмандон метавонанд ҳам бо тариқи буҷавӣ ва ҳам бо тариқи шартномавӣ ба ин донишгоҳҳо дохил шуда, таҳсили худро идома диҳанд», — гуфт И. Шодизода.

Ӯ ҳамчунин афзуд, ки мақсади дигари баргузории ин чорабинӣ ба роҳ мондани ҳамкорӣ миёни донишгоҳҳои ду кишвар мебошад.

Ба иттилои мусоҳиб, айни ҳол беш аз 536 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва илмии Ҷумҳурии Қазоқистон дар риштаҳои гуногун таҳсил доранд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *