Душанбе соҳиби “Боғи ҳайвонот”-и нав мешавад

Дар буриши хиёбонҳои Рӯдакӣ ва Ҳофизи Шерозии ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе “Боғи ҳайвонот” -и муосири ба талаботҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ сохта мешавад.  Хабар медиҳад АМИТ “Ховар”.

Аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд, ки  сохтмони он соли 2021 оғоз гардида, дар масоҳати 13 гектар бунёд мешавад ва барои зиёда аз  1500 сар  ҷонвар пешбинӣ гардидааст.

Гуфта мешавад, ки мавзеи  ҷудогардида   барои ташкили ҳама гуна имконияти нигоҳдорӣ, аз ҷумла ҷойгиронии ҳайвонот,  парандаҳо ва хазандаҳо мувофиқ буда, инчунин фароҳам овардани  шароити озоди гашту гузори  ҷонварон, ки талаботи замони муосир мебошад,  ба назар гирифта шудааст.

Тибқи лоиҳаи ангоравии «Боғи ҳайвонот»  дар  масоҳати 0, 40 гектари он  биноҳои маъмурию хизматрасонӣ сохта шуда, 0,85 гектар барои нигоҳубин ва барои ба намоиш гузоштани ҳайвоноти Тоҷикистон, 0,46 гектар барои ҳайвоноти хонагии минтақаи Тоҷикистон, 0,70 гектар барои ҳайвоноти Австралия, 0,84 гектар барои ҷонварони Амрико, 0,61 гектар барои ҳайвоноти Осиё, 0,90 гектар барои ҳайвоноти Африқо пешбинӣ гардидааст. Дар масоҳати 0,53 гектари боғ кӯл бунёд мегардад. Минтақаҳои мазкур бо дарназардошти мизоҷи ҷонварон ҷиҳозонида мешаванд.

Дар  «Боғи ҳайвонот»  ҳамчунин бунёди ду каҳвахона, мағозаи фурӯши  ҳайвонот, майдончаҳои варзишию фароғатӣ ва ду таваққуфгоҳ барои нигоҳдории 130 мошин дар назар дошта шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *