Душанбе, Тошканд ва Бишкек — арзонтарин шаҳрҳои Осиёи Марказӣ

Се пойтахти кишварҳои Осиёи Марказӣ — Душанбе, Тошканд ва Бишкек имсол якбора ба феҳристи арзонтарин шаҳрҳои ҷаҳон барои зисти мутахассисони хориҷӣ шомил гардиданд.

— Ин маълумот дар раддабандии «Cost of Living City Ranking» оварда шудааст,- хабар медиҳад centralasia.media.

Дар феҳристи мазкур 227 шаҳр шомил буда, раддабандӣ аз гаронтаринҳо то арзонтаринҳо сурат мегирад.

Дар ин раддабандӣ Тошканд дар ҷойи 221-ум, Душанбе дар ҷойи 225-ум ва Бишкек дар ҷойи 226-ум қарор доранд.

Гаронтарин макони зист барои хориҷиён Гонконг ва арзонтарин шаҳр Анқара эътироф гардидаанд.

Ҳамзамон, чор шаҳри Швейтсария, аз ҷумла Сюрих, Женева, Базел ва Берн аз рӯи қимати баланд ба даҳгонаи аввал дохил шудаанд. Ба даҳгонаи аввал ҳамчунин Тел-Авив, Ню-Йорк, Сингапур, Токио ва Пекин дохил гардидаанд.

Ба даҳгонаи шаҳрҳои арзонтарин дар ин раддабандӣ шаҳрҳои Истанбул, Қарочӣ, Исломобод, Алмаато низ (219) ворид шудаанд.

Раддабандии мазкур «Гаронарзиштарин ва арзонтарин шаҳрҳои барои кӯч бастан» ҳамасола тартиб дода мешавад. Танҳо соли 2021, бо сабаби пандемияи «COVID-19» тадқиқот гузаронида нашуд.

Шаҳрҳо бо арзиши беш аз 200 номгӯи молу хизматрасонӣ, аз ҷумла арзиши иҷораи манзил, нақлиёти ҷамъиятӣ, хӯрокворӣ, либоса ва фароғат баҳогузорӣ ва арзёбӣ гардидаанд.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.