Ҳоҷӣ Мирзо

“Дузди намоз”. Суол ба руҳонии шинохта Ҳоҷӣ Мирзо

Савдогарам ва ташвишам хеле зиёд аст. Соле фақат як моҳ дар давраи Рамазон намоз мехонам. Ҳамсояам маро «Дузди намоз» мегӯяд ва муътақид аст, ки намози маро Худованд қабул надорад. Дар Рамазон ҳам намоз нахонам?

МЕҲРИНИССО, савдогари бозор

Посух:

Дар ҳақиқат касонеро, ки фақат дар моҳи Рамазон намоз мехонанд ва онҳоеро, ки гоҳ намоз мехонанду гоҳ намехонанд, ба истилоҳи тоҷикӣ “дузди намоз” мегӯянд.

Намозе, ки қадру манзалат оварда, дар қиёмат дастгир мешавад, ин гуна намоз нест. Ин ба монанди ҳамонест, ки кас вақте аз пову пар мемонад, баъд ба тоату ибодат рӯ меорад ва ба масҷид меравад.

Ин гуна ибодат аз рӯйи шавқу рағбат ва тавфиқ набуда, аз ноумедӣ аст.

Кас бояд ҳама вақт намоз хонад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *